Олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд

Олимон нишонаи нави коронавирусро муайян карданд
  • Post category:Саломатӣ


Шифокорони бритонӣ муайян карданд, ки гирифторони коронавирус метавонанд танҳо як нишона дошта бошанд — ҳисси бӯйкуниро аз даст медиҳанд, хабар медиҳад «Известия».
Ин нишона дар аксари гирифторони коронавирус тасдиқ шудааст.
Бино ба додаҳои мутахассисон, аксари гирифторони коронавирус дар Куреи Ҷанубӣ, Итолиё, Чин ва Олмон пурра ё қисман аз ҳисси бӯйкунӣ маҳрум мондаанд.
Дар баробари ин, ин нишона дар Олмон дар аз се ду ҳиссаи сироятшудагон дида мешавад.
Зиёда аз ин, пизишкон қайд мекунанд, ки эҳсос накардани бӯй метавонад аз нишонаи асосии гирифорӣ ба коронавирус бошад ва дар рафти беморӣ дигар на сулфаю на таби баланд дида нашавад.
Олимон даъват карданд, ки ҳамаи он нафаронеро, ки ҳисси шоммаашонро аз даст додаанд, ба карантин равон кунанд.
Эҳтимол меравад, ки бо ин роҳ мешавад аз паҳншавии густурдаи вирус пешгирӣ шавад.
Пештар олимон аз нишонаи дигари маризии коронавирус — доначаҳои хурд, хабар дода буданд.
Пандемияи коронавирусЗуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.
Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.
Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ