Президенти Озарбойҷон музди яксолаи худро барои мубориза бар зидди коронавирус пешкаш кард


Бунёди мубориза бар зидди паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 дар Озарбойҷон нахуст бо 20 миллион манат пур шуд.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев музди яксолаи худро барои мубориза бар зидди коронавирус ҳазина кард, хабар медиҳад Sputnik Озарбойҷон.
Маоши кишвардор Илҳом Алиев ба Бунёди вижа, ки аз ҷониби худи раисиҷумҳур барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус таъсиси дода шудааст, равон карда мешавад.
Қайд мешавад, ки маоши якмоҳаи президенти Озарбойҷон, мувофиқи қонун 15 ҳазор манат (тақрибан 9 ҳазор доллар) мебошад.
Нахуст ба ин Бунёд, аз ҷониби фонди захиравии президент 20 миллион манат (12 миллион доллар) гузаронида шудааст.
Ҳамаи шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба ин Бунёд маблағгузорӣ кунанд.
То рӯзи 22-юми март дар Озарбойҷон 53 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Аз ин ҳисоб даҳ бемор сиҳат шуда ва як тан ҷон бохтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ