Мутахассисон: фаъолнокии коронавирус охири фасли баҳор якбора паст мешавад

Мутахассисон: фаъолнокии коронавирус охири фасли баҳор якбора паст мешавад
  • Post category:Саломатӣ


Фаъолнокии коронавирус охири фасли баҳор якбора паст мешавад, мегӯяд мудири кафедраи эпидемиологияи Донишгоҳи Маскави ба номи И.М Сеченов, эпидемиологи асосии Вазорати тандурустии Русия Николай Брико.
Бино ба гуфти эпидемиолог, коронавирус пурра аз байн намеравад, чун дар ҷаҳон густурда паҳн шудааст.
Коршисон бо пешгӯии ҳамтоёнаш оиди дар оянда сироят шудани 60-70 дарсади мардуми сайёра, розӣ нест.
Брико бар ин аст, ки чунин омор хоси асрҳои миёна аст. Дар замони муосир ҳамагиршиносӣ хеле пеш рафтааст, ки даст медиҳад коронавирусро мағлуб созад, хулоса кард коршинос.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ