КОРОНАВИРУС: 10 САВОЛРО 10 ҶАВОБ

КОРОНАВИРУС: 10 САВОЛРО 10 ҶАВОБ
  • Post category:Саломатӣ

  1. Аломатҳои бемории коронавирус баъди сироят кай намоён мешавад?
    Нишонаҳои коронавирус пас аз мулоқот ба гирифторони ин беморӣ то ба 14 рӯз намоён мешавад.
  2. Ниқобҳои тиббӣ дар пешгирӣ аз сироят ба коронавирус кӯмак мекунанд?
    Ниқобҳои тиббӣ самара медиҳанд. Аммо истифода аз ниқобҳои тиббӣ низ қоидаҳои худро дорад. Вобаста аз намуди ниқоб, онҳо метавонанд аз 20 дақиқа то 3 соат истифода шаванд.
  3. Оё бемориҳои вирусӣ, аз ҷумла коронавирусро бо антибиотикҳо табобат кардан мумкин аст?
    Антибиотикҳо дар мубориза бо вирусҳо самаранок нестанд. Аз онҳо дар табобати инфексияҳои бактериявӣ истифода мебаранд. Аз антибиотикҳо чун воситаи ҳифз ва табобати коронавирус набояд истифода кард.
  4. Барои ҳифзи худ аз қатраҳои оби даҳон, ки ҳангоми сулфидан ё атса задан мебароянд, дар кадом масофа бояд нигоҳ дошт?
    Барои муҳофизаи худ аз қатраҳои оби даҳоне, ки ҳангоми атса задан ва сулфидан аз даҳон мебароянд, дар байни худ ва дигарон, бахусус онҳое, ки аз шамолхӯрии роҳҳои нафас азият мекашанд, камаш 1 метр масофаро бояд нигоҳ дошт.
  5. Оё ба бадан молидани спирт ё хлор метавонад коронавирусро нест кунад?
    Не. Ба бадан спирт ё хлор молидан даркор не. Онҳо вирусеро, ки вориди организм шудааст, нест карда наметавонанд. Баръакс, истифодаи онҳо метавонад ба либос, чашм ва даҳон зарар расонад. Аз спирт танҳо барои дезинфексияи дасту рӯй истифода кардан мумкин аст.
  6. Вируси тоҷдор (коронавирус) метавонад тавассути ҳаво ба масофаҳои дур паҳн шавад?
    Не, коронавирус тавассути ҳаво паҳн намегардад. Ин вирус асосан аз оби даҳони одами бемор, ки ҳангоми атса задан ё сулфидан ба ҳаво мебарояд, ба дигарон сироят мекунад. Азбаски қатраҳои оби даҳон вазнинанд, тавассути ҳаво ба манзилҳои дур рафта наметавонанд. Аммо агар одами солим ба ҳамон ашё ё чизе, ки қатраҳои оби даҳони шахси бемор расидааст, даст расонда, сипас онро ба чашм, даҳон ё ки бинӣ расонад, гирифтори беморӣ мегардад. Аз ин рӯ, дастонро мебояд зуд-зуд бо воситаҳои спиртӣ тоза карда, бо собун шустан лозим аст.
  7. Оё ниқобҳои тиббии истифодашударо дубора кор фармудан мумкин аст? Онҳоро тамъиз (дезинфексия) кардан имкон дорад?
    Не. Ниқоби истифодашударо аз нав истифода бурдан ва дизенфексия кардан мумкин не. Ҳангоми мулоқот бо беморони сирояти роҳи нафас ва ё гирифторони коронавирус ба қисми берунии ниқоб инфексия меафтад. Аз ин рӯ, ба қисми берунии ниқоб нарасида, онро партофтан лозим аст. Пас аз кашидани ниқоб дастҳо бояд бо спирт тоза карда ё бо собун шуста шаванд.
  8. Оё занони ҳомиладор ба сирояти коронавирус бештар майл доранд? Магар ба онҳо асоратҳои сироят бештар таъсир мекунад?
    Дар бораи майли бештари занони ҳомиладор ба коронавирус ва душвор гузаштани беморӣ дар онҳо хулосаҳои амиқи тасдиқгардидаи илмӣ-тадқиқотӣ нест. Умуман гирем, дар занони ҳомиладор иммунитет нисбатан паст мешавад ва дигар тағйироти физиологиро аз сар мегузаронанд. Дар натиҷаи ин онҳо ҳангоми сирояти беморӣ бештар заиф мегарданд. Аз ин рӯ, ба қоидаҳои гигиенӣ амал карда, онҳоро аз гирифторӣ ба ин вирус бояд эҳтиёт кунем.
  9. Дар ҳолатҳои сирояти коронавирус чӣ бояд кард?
    Дарҳол бо рақами кӯтоҳи телефони Вазорати ҳифзи тандурустӣ — 1003 занг занед ва дар ин бора хабар диҳед. Инчунин, то омадани ёрии тиббӣ беморро аз дигарон алоҳида нигоҳ доштан лозим аст.
  10. Воҳимаҳои байни мардум то чӣ ҳад асос доранд?
    Гарчанде ки ин беморӣ ҷиддӣ аст, барои ба ваҳму тарс афтодан асосе нест. Оромиро нигоҳ доред, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя кунед ва аз рафтан ба ҷойҳои серодам, сафарҳо ва алоқаҳои гуногун худдорӣ намоед.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ