Дар Қирғизистон 26 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус қайд карда шуд. Дар миёни онҳо кӯдакони 1,6 ва 14 сола ҳам ҳастанд

Дар Қирғизистон 26 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус қайд карда шуд. Дар миёни онҳо кӯдакони 1,6 ва 14 сола ҳам ҳастанд
  • Post category:Ҷаҳон

Дар миёни онҳо кӯдакони 1,6 ва 14 сола ҳам ҳастанд
Муовини вазири тандурустии Қирғизистон аз 26 ҳолати нави сироятёбӣ ба маризии коронавирус хабар дод. Ба изҳори ӯ, акнун шумораи умумии маризони коронавирус дар Қирғизистон то 42 нафар афзоиш ёфтааст.
Исҳоқов зикр намудааст, ки маризии сироятии коронавирус ҳамзамон кӯдаконро низ домангир кардааст.
Феълан, дар беморхонаҳои ин кишвар миёни маризони калонсол, ҳамзамон се кӯдак низ қарор доранд, ки синну соли онҳо 1, 6 ва 14 сола ташкил медиҳад. Ташхиси ҳар сеи онҳо мусбат баромадаст, афзудааст муовини вазир.
Зимнан, дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Қирғизистон раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков, сар аз 25 — уми март то 15 — уми апрел дар Бишкек, Ош, Ҷалолобод ва се навоҳии дигар, вазъи фавқулода эълом кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ