ҲАМКОРӢ БО МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМИИ МАДРИД

ҲАМКОРӢ БО МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМИИ МАДРИД


Муовини директори Маркази фарҳанги исломии Мадрид Ҳуссам Сиддиқ Хӯҷа барои баррасии масъалаҳои иртибот бо идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин ташкили чорабиниҳо бо Марказ ба муносибати аз ҷониби Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2020 эътироф шудани Бухоро ба Ӯзбекистон ташриф овард.
Маркази фарҳангии исломии Мадрид, ки соли 1992 таъсис ёфтааст, дар Аврупо бузургтарин мебошад. Марказ масҷиде дорад, ки дар заминаи меъмории масҷиди Кордоба – яке аз қадимтарин ва маъруфтарин масҷидҳои Испания сохта шудааст. Марказ дорои китобхона, кӯдакистон, як мактаби забони арабӣ ва фарҳанги исломӣ, курсҳои испанӣ барои хориҷиён, толори конфронс барои 500 нафар, осорхонаи санъат, сексияҳои варзишӣ ва ғайра мебошад.
Дар ҷараёни боздид Ҳуссам Сиддиқ Хӯҷа бо муовини раиси Раёсати мусулмонони Ӯзбекистон Иброҳим Иномов ва директори Маркази байналмилалии илмиву таҳқиқотии ба номи Имом Бухорӣ Шовосил Зиёдов мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот бо меҳмон дар бораи ислоҳоти соҳаи дин дар Ӯзбекистон ва чораҳое, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид барои озодии дин, омӯзиши дини мубини ислом, аз ҷумла марказҳои таъсисёфтаи илмӣ ва таълимӣ андешида шудаанд, маълумот дода шуд.
Меҳмон ба саъю кӯшиши Ӯзбекистон дар самти омӯзиши мероси фарҳангиву тамаддунӣ ва аҳамияти мазҳабӣ ва фалсафии ислом, инчунин гузоштани қадамҳои муҳим оид ба пеш бурдан ва паҳнсозии ғояҳои инсонпарварии дин, ки дар натиҷаи он Маркази тамаддуни исломӣ, марказҳои байналмилалии ба номи Имоми Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ таъсис ёфтаанд, баҳои баланд дод.
Ба роҳандозии равобит ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо раёсатҳои марбутаи Ӯзбекистон, ҳам дар самти паҳн кардани ғояҳои инсонпарваронаи исломи анъанавӣ ва ҳам дар татбиқи корҳои илмӣ дар соҳаи омӯзиши он изҳори хурсандӣ карда шуд.
Бинобар натиҷаи вохӯриҳо Муоҳидаи ҳамкорӣ байни Маркази байналмилалии илмиву таҳқиқотии Имом Бухорӣ ва Маркази фарҳанги исломии Мадрид ба имзо расид ва бо Раёсати мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи табодули мутахассисон дар омӯзиши ислом ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак созишнома ба имзо расид.

АИ «Дунё»,
МАДРИД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ