Дар байни гирифторони коронавирус шаҳрвандони кадом вилоятҳо ҳастанд?

Дар байни гирифторони коронавирус шаҳрвандони кадом вилоятҳо ҳастанд?


Тавре хабар дода будем, ҳоло адади дардмандони коронавирус дар мамлакат ба 56 нафар расид. Аз ҷумла, дар байни бемороне, ки ҳоло дар клиникаи Институти таҳқиқоти илмии вирусологияи шаҳри Тошканд табобат мегиранд, ғайр аз шаҳрвандони пойтахт, шаҳрвандони вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд, Қашқадарё ва Тошканд низ ҳастанд.
Инчунин, 2 нафар бемор дар шифохонаи бемориҳои сироятии вилояти Фарғона табобат мегиранд. Дар яке аз онҳо пас аз бозгашт аз сафари Умра бемории сирояти коронавирус ташхис карда шуд. Ҳама беморон мувофиқи меъёрҳои муқаррарӣ, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсия додааст, табобат мегиранд.
Хотиррасон мекунем, ки бинобар вазъи хатарноки эпидемикӣ дар ҷаҳон, дар кишвари мо як қатор чораҳои қатъиро барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус амалӣ мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ