Дар Эрон то имрӯз 24 811 нафар ба коронавирус мубтало шуд

Дар Эрон то имрӯз 24 811 нафар ба коронавирус мубтало шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 8913 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 24811 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд.
Ҳамзамон вай афзуд, мутаассифона, бо ҷон бохтани 122 нафар аз беморон, ҷамъи даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар кишвар ба 1934 нафар расидааст.
Ҷаҳонпур инчунин таъкид дошт, ки то кунун беш аз 41 миллион нафар дар тарҳи басиҷи миллии мууқобила бо коронавирус дар Эрон ғарболгарӣ шудаанд.
Коронавирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 190 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ