Дар Тошканд дар байни 5 рӯз шифохонаи нави давои коронавирус ба истифода супурда мешавад

Дар Тошканд 3 шифохонаи нави мубориза зидди коронавирус сохта мешавад. Аввалини он дар кӯчаи Арнасойи ноҳияи Чилонзор дар 5 рӯз сохта шуда, ба истифода супурда мешавад. Шифохона бо асбобҳои замонавии тиббӣ ҷиҳозонида мешавад. Атрофи бино ба тарзи доимо дезинфексия карда мешавад. Шифохонаҳои дигарро дар ноҳияҳои Зангиота ва Юқоричирчиқи вилояти Тошканд месозанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ