Дар Тоҷикистон 3458 нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷи дар карантин қарор доранд

Дар Тоҷикистон 3458 нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷи дар карантин қарор доранд

  • Post category:Ҷаҳон


Саида Умарзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус доир гардида қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир 3458 нафар шаҳрвандони дохиливу хориҷи дар карантин қарор доранд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ин ҷаласа бегоҳии 25-уми март доир шуда, дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як қатор муассиса ва раёсатҳои тандурустӣ иштирок намуданд. Зикр гашт, ки ҳамзамон, дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллӣ барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд. Таъкид гардид, ки аз 1-уми феврал то 25-уми марти соли равон 5460 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи зикргардида 2002 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3458 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд. Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ