Рӯзи гузашта дар Москва ду мубталои коронавирус вафот карданд

Рӯзи гузашта дар Москва ду мубталои коронавирус вафот карданд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар ин бора ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар Маскав хабар дода, гуфтаанд, ҳалокшудаҳои 73 ва 88 сола будаанд.
Гуфта мешавад, табибон ташхиси вирусии онҳоро ҳануз замони зинда буданашон гузаронидаанд. Ҳамчунин онҳо бемории шамолхӯрдагӣ доштаанд.
Ситоди фаврии Русия қайд мекунад, ки шаҳрвандони аз синни 65 боло ва ҳамчунин нафароне, ки бемориҳои музмин ва қаблан сактаи дил ё инсултро аз сар гузаронидаанд, ҷудо аз дигарон бошанд.
Тибқи омори расмӣ, то 25-уми март теъдоди мубталоёни коронавирус дар Русия ба 658 бемор мерасад, ки аз ин 410 ҳолаташ дар Маскав будааст.
Рӯзи гузашта Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи қазияи паҳншавии вируси корона дар Русия ба шаҳрвандони кишвар фавран муроҷиат намуда, гуфт, ҳукумат барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳафтаи ояндаро истироҳат эълон мекунад.
ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ