Бозёфти нодир: мусаввадаи шоирони маърифатпарвар ба даст омад

Бозёфти нодир: мусаввадаи шоирони маърифатпарвар ба даст омад
  • Post category:Фарҳанг



Ба шарофати Истиқлол имрӯз ном ва осори адибону мутафаккирони маърифатпарвар, ки дар нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар мамлакатамон ғояву афкори пешқадамро тарғиб намудаанд, аз нав зинда гардонида мешавад. Хусусан, дар эҷодиёти шоирону нависандагони маърифатпарвари он давр танқиду зулму истибдод ва тарғиби озодихоҳии халқ ва дар байни онҳо паҳн намудани илму маърифат мавқеи муҳим дорад.
Чунончи, шоирону донишмандони маъруфи ин давр мисли Садри Зиё, Туғрал, Асирӣ ин равияро бомуваффақият ривоҷ доданд. Боре китобхонаи падари бузургворро аз назар гузаронда, як баёзи дастнависеро пайдо намудем, ки дар он ашъори шоирони ҳамон давр Неъматуллоҳ бо тахаллуси Қорӣ, Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат ва Ишқӣ дарҷ гардидааст. Онҳо маҳз дар давраи мазкур зиндагӣ ба сар бурда, шеърҳое гуфтаанд, ки дарди замонро дар худ таҷассум намудааст.
Шеърҳои мазкурро ба ҳуруфи кириллӣ баргардонда, пешкаши мухлисони шеър мегардонем. Ин баёз метавонад барои тадқиқгароне, ки ҳаёт ва осори адибони маърифатпарварро мавриди омӯзиш қарор додаанд, ҳамчун манбаи муҳим хизмат намояд.
Акбархон АСРОРОВ,
Ҳамза ШЕРАЛИЕВ

Намуна аз шеърҳои Қорӣ Неъматуллоҳ
Дар фироқаш дидаи ғамдидаам бехоб монд,
Аз сиришкам ҳамчу моҳӣ пайкарам дар об монд.

Дидаи бедори ошиқ аз ғами ҳиҷрон нахуфт,
Маҳфил аз осоишу осудагӣ дар хоб монд.

Дӯш буд он моҳсимо то саҳар дар хонаам,
Аз фурӯғи орази ӯ то саҳар маҳтоб монд.

Аз канорам рафту бурд он гулъузор аз дил қарор,
Хор-хори шавқи рӯяш дар дили бетоб монд.

Рафту ишқаш оташе дар кӯраи ҷонам фурӯхт,
Музтариб дил дар барам чун бӯтаи симоб монд.

Мо ба завқи ишқи худ дар кӯйи ӯ қурбон шудем,
Кас нагӯяд хуни мо дар гардани қассоб монд.

Кишвари оқу қаро дарёи бадбахтон бувад,
Киштии мо аз чӣ, ё Рабб, андарин гирдоб монд?

Ашки ҳасрат аз дилам то дида вайрон кардааст,
Як-ду зоҳири аломат ҳар куҷо селоб монд.


Умрҳо шуд дур, Қорӣ, з-он парӣ гардидаам,
Орзуи сӯҳбати мо дар дили аҳбоб монд.

Шоир Ишқӣ
Шоир дар ин байт ноаҳлони замонро сангҳо зада, хуб тазъиф намуда (танқид) хеле дил холӣ кардааст, гӯраш пурнур.
Аҳсани ҷумла аҳли фазлу камол,
Ҳама аз дасти марг дилрешанд.

Аҳмақон гӯиё ба Азроил,
Ришвате додаанд ё хешанд.


Ончи дилам хост на он мешавад,
Ҳар чӣ Худо хост, ҳамон мешавад.

Ғазали шоир Ишқӣ
Дорам зи ғамаш соғари саршор, дигар ҳеҷ,
Аз фурқати ӯ дидаи хунбор, дигар ҳеҷ.

Талх аст маро коми дил аз заҳри фироқаш,
Бо заҳр бувад шарбати дидор, дигар ҳеҷ.

Пурсад чу табибам сабаби дарди ниҳонӣ,
Гӯям, ки ғами ёру ғами ёр, дигар ҳеҷ.

Он шӯх ба ҷуз нозу такаббур нафурӯшад,
Инҳо бувадаш гармии бозор, дигар ҳеҷ.

Буд аз ҷигарам қатразанон то сари кӯяш,
Ҳамроҳ ба ман ашки ҷигардор, дигар ҳеҷ.

Дорам ба дил аз орзуи зулфи ҳабибаш,
Ҳар дам ҳаваси бастани зуннор, дигар ҳеҷ.

Ишқӣ, самари ишқ ҳамин як-ду-се чиз аст:
Нокомию навмедию озор, дигар ҳеҷ.

Ғазал
Мусаввадаи Қорӣ Неъматуллоҳ
Омад ин дам бар машомам накҳати бӯйи баҳор,
Чун фараҳ омад ба дил, в-аз сина рафт ранҷу ғубор.

Аз насими ҷонфазояш мурғи дил дорад наво,
Мекунад тасбеҳи «Суббуҳун» ба фазли Кирдигор.

Баҳри таъзимаш бисозӣ молу мулки хешро,
Баҳри таслимаш кунӣ ҷону дили худро нисор.

Шуд чаманҳо сар ба сар сарсабз, замин аз лола сурх,
Ғунча лаб во кард, булбул дошт аз мастӣ шиор.

Фасли наврӯзӣ муяссар гашт байни хосу ом,
Зебу зинат ёфт дар ҳар ҷо замини шӯразор.

Дорад уммеди шафоат аз Расул-ул-мурсалин,
Неъмато, шояд туро хонад зи хайли растагор.

Боз аз Қорӣ Неъматуллоҳ
Ғазал
Эй сарвқади чу кабк рафтор,
Умрест туро манам харидор.

Баргӯй, баҳои бӯсаатро,
Гар ҳаст даҳу дувист динор.

Зуннор ба гарданам бубастам,
В-аз кокули мушкборат, эй ёр!

То кай ба ҷафову ҷабр бошӣ,
Бо ошиқи зор, эй ситамгар?

Аз дасти ту дод гӯям ҳар рӯз,
Ҳар шаб ба ғамат манам гирифтор.

Созӣ назаре ба ҳоли Қорӣ,
Аз рӯи вафо, ду нею як бор.

Ғазали Неъматуллоҳ Қорӣ
Сарф шуд умрам ба нокомию бекомам ҳанӯз,
Сӯхтам аз оташи маҳрумию хомам ҳанӯз.

Гардиши чашми ту ҷоме кард дар кори дилам,
Даврҳо бигзашту ман сармасти он ҷомам ҳанӯз.

Гашта аз помоли ҷавраш устухонам тӯтиё,
То дигар бар сар чиҳо орад гуландомам ҳанӯз.

Ҳар нигоҳаш сад ҷавоби талх мегӯяд ба ман,
Аз забони орзу нашнида пайғомам ҳанӯз.

Ончунон дар ҳар деҳи беэътиборӣ мондаам,
К-аз ғалат ҳам бар забонаш нагзарад номам ҳанӯз.

Зориям оварда шабҳо мурғу моҳиро ба шӯр,
Зортар мехоҳад аз ин шӯхи худкомам ҳанӯз.

Бо вуҷуди он ки умрам дар вафодорӣ гузашт,
Қорӣ, аз он шӯхи симандом нокомам ҳанӯз.


Фиғон зи чархи забуну сипеҳри каҷрафтор!
Фиғон зи мардуми ноаҳлу марди бадкирдор!

Фиғон зи тинати мардони нобакори забун!
Фиғон зи шоми ғарибию тираи шаби тор!

Ба ҳоли хастадилон намекунад раҳме,
Ба чоргоҳи муҳаббат бути шакаргуфтор.

Фиғон зи дарди фироқи ту, эй гули якто!
Расида бар дили зорам зи теғи меҳр ҳазор.

Зи мушти хоки дилхастагон гузоре кун,
Бути расида ба фитроки рутбаи даҳу чор.

Биё, ки хома зи мадҳи ту рафт дар зулмат,
Биё, ки рехта хунам зи наргиси бемор.

Биё, ки маъюс афтодаи ҳазини ту,
Ба ҳуққаи дили худ қут карда сад озор.

Ғазал
Рӯят эй маҳ, ба настарин монад,
Холҳояш ба мушки Чин монад.

Сарву Тубо наметавон гуфтан,
Қоматат, ки ба ону ин монад.

Даҳани танги ту чу тунги шакар,
Лабат эй ҷон, ба ангубин монад.

Тири нозори ту дар камон гирад,
Нози хубон дигар камин монад.

Ҳар шабу рӯз моҳу меҳри фалак,
Бар дарат ояду чунин монад.

Меҳри ту дар дилам гирифт мақом,
Ҳамчу нақше, ки дар нигин монад.

Мекунам арзи муддао бо ту,
Суханам гарчи бар замин монад.

Дили ошиқи хештан дарёб,
К-аз накӯманзарон ҳамин монад.

Чи бало ишқи дилбарон ба кас?!
На дилу ҷон, на ақлу дин монад.

Ҷавру зулмаш зи ҳад гузаштаву оҳ,
Ёри мо то ба кай чунин монад?

Назми табъам ҳамин, ки дар олам,
На муҳаббат, на ҷавру кин монад.

Гӯрат пурнур бод
Сиддиқ Махдум – мутахаллис ба Ҳайрат
Бахшида ба Наврӯз
Фасли Наврӯз аст гоҳи айшу айёми баҳор,
Худ ҳарифон ҷамъ дар байт-ул-ҳазан ман монда зор.

Ҳар куҷо асбоби завқу хуррамӣ омода аст,
Ҳар тараф тартиби асбоби тараб дар иштиҳор.

Гар ба рӯйи моҳрӯён бодаи гулгун кашанд,
Бигзаронанд аз фалак, ки савти қонуну сетор.

Ҳам маро з-ашки шафақгун соғари чашм аст пур,
Ҳам зи оби нола дорам гулшани ҳуш обёр.

Мекунам аз оташи олом мурғи дил кабоб,
Мебарам бо оши яъс очори ғам ҳар дам ба кор.

Шӯълаи оҳам ба ҷои шамъ рангин равшан аст,
Нақли дарду ғуссаву ранҷ аст ҳар сӯ бешумор.

Ранги зарди хеш дар оина бинам ҷои зар,
Резадам ҳар лаҳза марвориди ашк андар канор.

Соли саг бар ҳайрати мо хуш муборак омада,
Пурсише меёфтӣ гар аз сагони кӯйи ёр.

Аз Ҳайрат
Иқболи ту эй парӣ, баланд аст,
Зулфи сияҳи ту чун каманд аст.

Ошуфтаи наргиси ту чанд аст?
Бар ҳар сари мӯй мушк банд аст.

Рӯйи ту гул, лаби ту қанд аст,
Гулқанд илоҷи дардманд аст.

Эй шӯх, карашма бар зари ман,
Хоки қадами ту ахтари ман.

Аз ҳаҷри ту сӯхт пайкари ман,
Як лаҳза биё ту дар бари ман.

Рӯйи ту гул, лаби ту қанд аст,
Гулқанд илоҷи дардманд аст.

Қасида
Ин қасида дар мадҳи шариатпаноҳ Шарифҷон Махдум судур ёфт
Аз Корӣ Неъматуллоҳ
Чу андалеби табъат кунад санохонӣ,
Кунад зи мадҳи ту он дам сафҳа бӯстонӣ.

Зи сарварони салотину ҳар мумтозе,
Чунон, ки Ҳазрати Ҳотам зи навъи инсонӣ.

Мусаввире натавонад кашид тасвират,
Дубора зинда шавад фил-масал, агар Монӣ.

Ҷаҳон чу тӯрбаи аттор мешавал хушбӯ,
Даме, ки ғунчаабро чу гул бихандонӣ.

Хадеви ҷумла офоқ Мир Шариф Махдум,
Ки то замона буд, бошад ҷаҳонбонӣ.

Кунад зи шавқи самими ту булбули нутқам,
Ба гулистони мадеҳат ҳазордостонӣ.

Вале чӣ суд, ки аз бевасилагӣ монда,
Чу ман ҷавҳари назмам ба даҳри пинҳонӣ.

Набуд одати ин банда ҳоли худ гуфтан,
Чу бандагони дигар бар ҷаноби султонӣ.

Бадин мушоҳираи кам зи ҷумла ҳамсилкон,
Ба кори худ фурӯ мондаам зи ҳайронӣ.

Маро чу ҳодисаи рӯзгор зӯр овард,
Чи гуна сабр тавон кард бо парешонӣ?

Зи сардмеҳрии айём шиква чун накунам,
Ки чор фасл ба ман мекунад зимистонӣ.

Бараҳна гаштаам зи зулми қотеони тариқ,
Саре чу шӯъла баровардаам ба урёнӣ.

Зи даргаҳи ту ба ҷое намеравам, ҳошо,
Ҳазор мартаба, ки зи остони худ ронӣ.

Зи аҷри хизмати дерина дар дуогӯйӣ,
Чӣ мешавад ки ба банда диҳӣ лаби ноне.

Барои хидмати ту ҷону дил кунам эйсор,
Ман он наям, ки ба хизмат кунам таносонӣ.

Ишорае куну аз банда ҷонфишонӣ бин,
Хулуси бандагиямро агар намедонӣ.

Ба ризои ту ҷонро ба сони Исмоил,
Кунам Халилсифат бедиранг қурбонӣ.

Зи рӯи сидқу ақидат ба ҳар нафас, ҳар дам,
Ҳамеша мекунам аз ҷону дил санохонӣ.

Кунун сухан ба дуо хатм мекунад Қорӣ,
Набуда беҳ зи дуо хатм дар санохонӣ.

Ҳамеша то шабеҳи шомро бувад зулмат,
Мудом то ки бувад меҳру моҳ нуронӣ.

Асоси зиндагият бод то абад боқӣ,
Насиби хонаи умри адув вайронӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ