Шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус дар Россия ба 840 нафар расид

Шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус дар Россия ба 840 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 182 нафар зиёд шуда, теъдоди умумии онҳо дар ин давлат ба 840 нафар расид. Шумораи беморони шифоёфта низ дар Россия зиёд шуда, ба 38 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар Озарбойҷон, Беларус, Молдова ва Қирғизистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, он мутаносибан 93, 86, 149 ва 44 нафарро ташкил медиҳад.
То имрӯз дар Россия 38 нафар, Беларус — 29, Арманистон – 18, Озарбойҷон – 10, Молдова – 2 ва Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.
Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, дар ҷаҳон беш аз 473 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 21 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 114 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 14 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ