Шавкат Мирзиёев: Хавотир кардан ҷоиз нест гуфта, хотирҷамъ будан ҳам хиёнат

Шавкат Мирзиёев: Хавотир кардан ҷоиз нест гуфта, хотирҷамъ будан ҳам хиёнат



Имрӯз, 26-умм март, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи таҳкими мубориза алайҳи паҳншавии сирояти коронавирус видеоконфронс доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ роҳбари давлати мо бори дигар роҷеъ ба ин масъала ба мардуми мо муроҷиат кард. — Як чизро бояд аниқ фаҳмид.
Хулосае дорем, ки шумораи бемороне, ки мо дорем, аз 100 нафар камтар аст ва чизе барои ташвиш кардан вуҷуд надорад гуфтан хиёнат аст. Онҳое, ки дар сар андешаи коронавирус ба ман сироят намекунадро доранд, бояд дарк кунанд, ки он на танҳо ба худи онҳо, балки ба волидайн, фарзандон, атрофиён, инчунин ба саломатӣ ва ҳаёти тамоми халқи мо таҳдид мекунад.

Тадбирҳои андешидаи давлат ба маҳдуд намудани имконияти сироят ёфтани мардуми мо, ба паст кардани паҳншавии сирояти вирус нигаронида шудаанд.
Новобаста аз он ки соҳаи тибби мо пешрафта аст, чӣ қадар маблағро давлат ба он сарф накунад, агар мардуми мо маслиҳатҳои шифокоронро риоя накунанд, интизом ва қоидаҳои карантинро риоя накунанд, ҳамаи чораҳои мо беҳуда хоҳанд буд.
Баъзе роҳбарони минтақавӣ то ба ҳол ба шаҳрвандон муроҷиат накардаанд ва вазъро ба мардум фаҳмонда надодаанд. Кор дар телевизионҳои маҳаллӣ, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври лозимӣ ба роҳ монда нашудааст.
Ба таври қатъӣ огоҳ мекунам, ки роҳбарони 4 сектори вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои барои сулҳи эпидемиологӣ шахсан масъуланд.
Шумо бояд шабу рӯз кор кунед, то паҳншавии сирояти коронавирусро пешгирӣ кунед ва ба аҳолӣ тамоми оқибатҳои манфии вайрон кардани низоми карантинро фаҳмонед, — гуфт Президент.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ