Дар Ӯзбекистон бори аввал зан-роҳбари инспексияи андоз шуд

Тибқи фармони Кумитаи давлатии андоз, Исломова Наргис Зарифҷоновна сардори Инспексияи давлатии андози ноҳияи Яккасарайи вилояти Тошканд таъин гардид.
Дар ин бора хазмати матбуоти Кумитаи давлатии андоз хабар додааст.
Қабл аз ин Наргис Исломова сардори шӯъбаи санҷиши андоз ва таҳқиқоти мавзӯии Идораи давлатии андози Тошканд буд.
Наргис Исломова соли 1970 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Вай аз соли 1993 дар вазифаҳои масъули сохтори андози давлатӣ кор фаъолият нишон додааст.
Наргис Исломова Донишкадаи ирригатсия ва механиконии механизми кишоварзии Тошкандро бо ихтисоси муҳандисӣ ва иқтисодӣ хатм кардааст. Вай инчунин дорои унвони махсуси мушовири дараҷаи III-и хизмати андоз мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ