Маоши ҳамаи коргарони ҷамоаи «Барселона» кам карда шуд

Маоши ҳамаи коргарони ҷамоаи «Барселона» кам карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Ҷамоаи «Барселона» дар сомонаи расмиаш аз кам кардани музди маоши кулли коргаронаш хабар дод. Айни ҳол “нилунориҳо” дар ҳолати зарари молиявӣ қарор доранд. Дар ин бора хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj.
Гуфта мешавад, ки сабаби асосии сарзадани зарари молиявӣ ин хуруҷи коронавирус мебошад, ки ҷаҳони имрӯзаро сарсону саргардон намудааст.
Тавре хабар дода мешавад, ҳоло бояд ҳамаи коргарони дастаи мазкур вазъиятро дарк кунанд ва якчанд муддат бо музди маоши муқаррарӣ фаъолият кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аксари бозигарони даста барои кам кардани музди маошашон розӣ нестанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ