Оё медонед, ки дар кадом давлатҳо ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст?


Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ягона давлатҳое дар Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошанд, ки дар онҳо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ — Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва Россия ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар Россия – 658 ҳолати сироятёбӣ, Арманистон – 265, Молдова – 149, Украина – 145, Озарбойҷон – 93, Қазоқистон — 88, Беларус – 86, Ӯзбекистон – 60 ва Қирғизистон – 44 ҳолат ошкор гардид.
Дар баъзе аз ин кишварҳо афзоиши шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, мушоҳида мешавад. Масалан, дар Беларус 29 нафар, Россия – 29, Арманистон — 16, Озарбойҷон — 10, Молдова — 2, Қазоқистон – 2 ва Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зишташон баргаштаанд.
Илова бар ин, дар Россия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва дар Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Инчунин дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус ба 84 нафар расид, ки ду нафари онҳо шифо ёфта, ду тани дигар вафот кардаанд.
Тибқи маълумоти охир, дар байни кишварҳои Осиё, ба ҷуз аз Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳолатҳои сиротяёбӣ аз COVID-19 дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Яман низ ба қайд гирифта нашудаанд.
Миёни кишварҳои Африқо вирус ба Комор, Малави, Серра-Леоне, ва Сан-Томе ва Принсипе нарасидааст.
Ғайр аз он, ба гурӯҳи кишварҳои Уқёнусия, ки ягон ҳолати сирояти коронавирусро тасдиқ накардаанд, Вануату, Кирибати, Микронезия, Науру, Самоа ва Тувалу шомил мебошанд.
СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 давлат ва ҳудуде, ки дар онҳо сироят ба қайд гирифта шудааст, гузориш медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ