Сергей Собянин: нисфи одамоне, ки аз хориҷи кишвар тариқи пойтахти Русия гузаштаанд бо худ «ҷомадони вирус» оварданд

Сергей Собянин: нисфи одамоне, ки аз хориҷи кишвар тариқи пойтахти Русия гузаштаанд бо худ «ҷомадони вирус» оварданд

  • Post category:Ҷаҳон


Қуллаи баланди авҷи ин маризӣ дар Маскав ҳоло пушти сар нашудааст, аммо ҳукумати пойтахт умедвор аст, ки онро бо сабукӣ мегузаранд, изҳор доштааст шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар пахши мустақими шабакаи ТВС.
«Мо то ҳол ба шиддати ин маризӣ дучор нашудем. Алъон мо дар марҳилаи аввали ин беморӣ қарор дорем ва умедворем, ки қуллаи баланди маризии коронавирус дар пойтахт на ба он шакле, ки дар дигар давлатҳо сурат гирифта истодааст, гузарад, балки бо сабукӣ он пушти сар шавад», – афзудааст Собянин.
Собянин бар ин бовар аст, ки қуллаи авҷи ин беморӣ дар Маскав ҳатман мерасад, чун нисфи одамоне, ки аз хориҷи кишвар тариқи пойтахти Русия гузаштаанд бо худ «ҷомадони вирус» оварданд.
«Тариқи Маскав нисфи одамоне, ки дар хориҷ қарор доштанд, гузаштанд ва сафи худи сокинони пойтахт, ки барои истироҳат ба хориҷи кишвар рафта буданд, кам нест”, — илова намудаст ӯ .
Зимнан, шаҳрдори Маскав афзудааст, ки вазъияти мавҷуда ба якборагӣ сабук намешавад ва сокинони шаҳр бояд ба мушкилтарин ҳолат омода бошанд.
Ёдовар мешавем, ки шабонарӯзи гузашта дар Маскав ду маризи дигари коронавирус ба ҳалокат расиданд. Ҳар дуи онҳо солхӯрда буда, бар замми коронавирус боз аз якчанд касалии дигар ранҷ мекашиданд.
ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ