Путин: Русия дар муҳлати камтар аз се моҳ бар коронавирус пирӯз мешавад

Путин: Русия дар муҳлати камтар аз се моҳ бар коронавирус пирӯз мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо намояндагони бахши соҳибкории кишвар, аз дурнамо, ки Русия баъди ду – се моҳ бар коронавирус пирӯз мешавад, истиқбол кард.
«Ин ҷо ҳамкорон гуфтанд, ки тайи ду-се моҳ бар коронавирус пирӯз мегардем. Ин дурнамои бад нест, зеро дар баъзе кишварҳо мегӯянд, ки мубориза бо коронавирус хеле тӯлонӣ хоҳад буд. Аммо кай мо аз ин ҳолат берун мешавем, умедворам дар муҳлати камтар аз ин ки шумо гуфтед», — хабар дод РИА Новости аз қавли Путин.
Ба гуфтаи Путин, вазъи марбути COVID-19 дар Русия бе шак беҳбуд хоҳад ёфт, гап танҳо сари муҳлат ва самаранокии кори муштарак аст. Ӯ муътақид аст, ҳар қадаре чораҳо самараноку пурзӯртар бошанд, ҳамон қадар зудтар коронавирус аз Русия решакан хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки тайи як шабонарӯзи гузашта дар 18 минтақаи Русия боз 182 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бо сабти 182 ҳолати нав гирифторони коронавирус дар Русия ба 840 нафар расид, ки аз ин 546 нафарашон дар шаҳри Маскав қарор доранд, хабар дод ситоди фаврӣ.
Ҳамаи сироятёфтагони нав тайи ду ҳафтаи охир дар кишварҳои хориҷие, ки коронавирус дар онҳо паҳн шудааст, қарор доштаанд.

ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ