Дар Қазоқистон нахустин ҳолати фавти шахси мубталои коронавирус рӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд

Дар Қазоқистон нахустин ҳолати фавти шахси мубталои коронавирус рӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон нахустин ҳолати фавти шахси мубталои коронавирус рӯзи узашта ба қайд гирифта шуд, ки фавтида зани 64 сола будааст.
Дар ин бора Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки шаҳрванди аз коронавирус фавтида зани 64 сола буд.
«Марги зани 64-солаи аз коронавирус фавтида, дар бораи хатари худи коронавирус ва аҳамияти муҳими риояи карантин мегӯяд. Ба пайвандону хешовандони фавтида изҳори тасаллият мекунад «, — навиштааст ӯ дар Твиттераш.
Тоқаев ҳамчунин гуфтааст, барои мубориза бо пешгирии сирояти коронавирус рӯзи панҷшанбе тасмим гирифта шуд, ки дар пойтахт ва Алмаато чораҳои карантини пурзӯр ва дар Чимкент маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.
Дар ин бора ҳамчунин Вазири иттилоот ва рушди ҷамъияти Қазоқистон Даврон Абаев хабар дода, гуфтааст:»Имрӯз як шаҳрванди Қазоқистон аз коронавирус фавтид. Мо ба хонавода ва пайвандону наздиконаш тасаллият изҳор мекунем, ки ин талафоти ҷуброннопазир аст».
Вай қайд кард, ки ин фавт бори дигар хатари коронавирус ҳушдор дод ва ҳоло ин ҳама барои мо як имтиҳон аст. Зарур аст, ки ҳама талабот ва дастуроти мақомот дар бораи худҷудоӣ риоя карда шаванд.
ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ