Ҷанги Ҳабиб ва Тонӣ дар куҷо гузаронида мешавад?


Эҳтимол меравад, ки муҳорибаи Ҳабиб ва рақиби амрикоиаш дар яке аз се шаҳрҳои ИМА — Флорида, Орландо ё Тампа баргузор шавад. Хабр медиҳад сомонаи varzishtv.tj.
Феълан гуфтушунидҳои роҳбарияти UFC бо мақомоти маҳаллии шаҳри Флорида идома дорад. Худи варзишкори номӣ Ҳабиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар суҳбат бо ҳаводоронаш гуфтааст, ки қазия барояш умуман норӯшан аст. Ӯ гуфтааст, ки аз ҳама чиз бехабар аст ва намедонад, ки муҳориба дар куҷо баргузор мешавад ва умуман баргузор мешавад ё на.
Дана Уайт, роҳбари UFC борҳо дар суҳбат бо рӯзноманигорон таъкид намуд, ки муҳорибаро новобаста аз ҳама чиз лағв карданӣ нест ва ҷойи мувофиқеро низ пайдо кардааст, аммо онро феълан ошкор карданӣ нест. Ӯ пешниҳод мекунад, ки бозӣ бидуни тамошобинон доир гардад.
pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ