Баёноти расмӣ: 15 бемор нишонаҳои пнивмонияро нишон медиҳанд, 7 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд

Баёноти расмӣ: 15 бемор нишонаҳои пнивмонияро нишон медиҳанд, 7 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд


Сардори инспексияии давлатии назорати санитарӣ ва эпидемиологии назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, нозири санитарии давлатии Ҷумҳурият Нурмат Отабеков:

  • Адади шахсони мубталои коронавирус дар кишвар 83 нафар аст. Аксари беморон дар шифохонаи Донишкадаи илмиву тадқиқотии вирусалогия табобат мегиранд. Инчунин, бемороне низ ҳастанд, ки дар минтақаҳои худ — вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон табобат мегиранд.
    Беморони минтақаҳои дигар ва онҳое, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудаанд, дар муассисаҳои тиббии Тошканд монданд.
    Ҳоло, 15 нафар беморони мо нишонаҳои пневмония ва 7 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.
    Зане, ки дар вилояти Намангон вафот кард, қабл аз ин аз бемории диабети қанд ва норасоии қалб азият мекашид.
    Албатта, чунин маълумот бояд мардуми моро бедор кунад. Хеле муҳим аст, ки мо тавсияҳои кормандони тибро риоя кунем.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ