Дар Ӯзбекистон ба муносибати карантин таъқиқҳои нав ҷорӣ мегардад

Дар Ӯзбекистон ба муносибати карантин таъқиқҳои нав ҷорӣ мегардад


Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ доир ба омодасозии барномаи чорабиниҳо аз рӯйи пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус як қатор чорабиниҳои муҳим иҷро гардида, амалҳои муайян ба сомон расонида мешаванд.
Хулосаҳо аз ахбори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ (қоидаҳои нав):
👉 Ҳаракати нақлиёт на танҳо аз вилоят ба вилоят, балки дар байни шаҳрҳо ва ноҳияҳо муваққатан маҳдуд карда шуд;
👉 ба берун баромадани шаҳрвандон ҳангоми набудани зарурият маҳдуд гардид;
👉 шаҳрвандон ҳангоми мулоқоти байниҳадигарӣ масофаи 2 метрро бояд нигоҳ доранд;
👉 дар кӯча ва ҷойҳои ҷамоатӣ ҷамъ гардидани зиёда аз 3 одам манъ аст (ба як оила иҷозат дода мешавад).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ