Дар қабул ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси гранти давлатӣ ба кадом зану духтарон имтиёз дода мешавад?

Лоиҳаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи тасдиқи низоми тартиби тавсияҳо оид ба иштирок дар озмун ва ташкили қабули занон ба муассисаҳои таълими олӣ дар доираи нишондиҳандаҳои қабул дар асоси грантҳои иловагии давлатӣ” қабул гардид.
Мувофиқи он, дар доираи нишондиҳандаҳои қабул дар заминаи грантҳои иловагии давлатӣ, ки ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ ҷудо карда шудаанд, барои занони боистеъдод, ки мехоҳанд, маълумоти олӣ гиранд, дар асоси меъёрҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • оилаҳои камбизоат, онҳое, ки ба даромади доимӣ соҳиб нестанд, наметавонанд, ки шартномаи пардохтро супоранд;
  • занҳое, ки дар оилаи нопурра тарбия ёфтаанд, яъне падар ё модарашон вафот кардаанд;
  • духтарони бевазанон (шавҳар) ду ё зиёда фарзанди то 14 соларо тарбия мекунанд ва аз хешовандонашон дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунанд;
  • оилаҳои камтаъмин ва нафароне, ки падар ва ё модарашон ногиро мебошанд;
  • оилаҳое, ки дар шароити душвори манзил зиндагӣ мекунанд ва хонаи доимӣ надоранд;
  • оилаҳое, ки фарзандашон ногиро аст;
  • ноҳияҳое, ки дараҷаи фарогарии занони дорои маълумоти олӣ аз ҳисоби миёнаи кишвар якчанд маротиба пасттар аст, инчунин, барои фарзандони оилаҳое, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ба шарте, ки онҳо дар муддати муайян дар қаламрави худ кор кунанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ