Дар давраи карантин ба донишҷӯён мувофиқи тартиби муқарраршуда стипендия дода мешавад

Дар давраи карантин ба донишҷӯён мувофиқи тартиби муқарраршуда стипендия дода мешавад


Мувофиқи маълумоти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, танҳо дар навъи пардохти стипендия дигаргунӣ дароварда шуд, яъне онҳое, ки стипендияро дар шакли нақд мегиранд, дар карточкаҳои пластикии донишҷӯён партофта мешавад.
Стипендия барои моҳи марти соли равон ба ҳамаи донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии мамлакатамон пардохта шуд. Баробари ин, муайян гардид, ки қафомонӣ дар пардохти стипендия бо сабаби напардохтани пули контракт, қарзи академикӣ, расмӣ гардонида нашудани фармони дахлдор ё набудани карточкаҳои пластикӣ ба назар мерасанд.
Дар аксар ҳолатҳо, дер иҷро шудани шартҳои пардохти контракт аз ҷониби донишҷӯён сабаби асосии дер додани стипендия ва кушодани карточкаҳои пластикӣ мешавад.
Ҳозир аз ҷониби Вазорат маълумотҳо дар миқёси кишвар оиди донишҷӯне, ки стипендия нагирифтаанд, чамъбаст карда мешавад. Ба онҳо:

  • стипендияҳои пулии пардохтнашуда ба ҷойи зисти донишҷӯ фиристода мешавад ё дар асоси рӯйхат тавассути шӯъбаҳои бонки ноҳиявӣ тақсим карда мешавад;
  • ба воситаи карточкаҳои пластикӣ пардохта мешавад, ба донишҷӯёне, ки карточкаҳои пластикӣ накушодаанд, карточкаҳои пластикии нав кушода, ба воситаи шӯъбаҳои ҳудудии муассисаҳои бонк расонида дода мешавад.
    Инчунин, ба ҳамаи донишҷӯён вобаста ба шакли таълим ва навъи пардохти интихоби онҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда музди пурра дода мешавад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ