Дар мубориза зидди коронавирус беморхонаҳои хусусӣ низ ширкат мекунанд

Дар мубориза зидди коронавирус беморхонаҳои хусусӣ низ ширкат мекунанд


Бо мақсади истифода аз имкониятҳои ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ бобати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, таъмини осоиштагии санитариву эпидемиологии аҳолӣ ва беҳдошти саломатии беморон қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми марти соли 2020 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами ҚП‑4649 имзо гардид.
Дар асоси қарор, ба ташкилотҳои ғайридавлатии тиббӣ иҷозат дода мешавад, ки ба беморони сирояти коронавирус, ба истиснои то 1-уми сентябри соли 2020 хизматҳои тиббӣ расонанд.
Хизматрасонии тиббӣ ба беморони сирояти коронавирус аз ҷониби ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ танҳо дар асоси шартномаи байни Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва ташкилоти ғайридавлатии тиббӣ расонида мешавад.
Ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ барои хизматрасонии тиббӣ ба беморони коронавирус аз тарафи Вазорати ҳифзи тандурустӣ, ба таври истисно бидуни музояда (тендер) муайян мегарданд.
Хароҷоти ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ вобаста ба расонидани хизматҳои тиббӣ ба беморони коронавирус аз ҳисоби Хазинаи мубориза алайҳи бӯҳрон пардохт карда мешаванд.
Вобаста аз вазъи эпидемиологӣ, дар ҳолати зарурӣ дар мувофиқа бо ташкилотҳои ғайридавлатии тиббӣ аз хизматрасониҳои лабораторӣ-­ташхисӣ истифода бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ