Дар бораи<br>коронавирус<br>бештар чӣ хел савол медиҳанд?

Дар бораи
коронавирус
бештар чӣ хел савол медиҳанд?

  • Post category:Саломатӣ


Дар назди Маркази санитарӣ-эпидемиологӣ штаби мубориза
бар зидди коронавируси COVID – 19 ташкил карда шуд, ки ҳар
рӯз сокинони вилоят ба он тавассути телефони (66) 233-26-
96 бо саволҳои худ муроҷиат мекунанд.
Бисёр саволҳо дар бораи
дезинфексияи бино ва хо-
наҳои истиқоматӣ аст. Ба
ин мақсад дар шаҳр 20 гурӯҳ
ташкил карда шудааст, ки
аз рӯйи нақша тамъиз меку-
нанд. Аввало ба муассисаҳои
давлатӣ, ки фаъолияташон-
ро идома медиҳанд, муасси-
саҳои томактабии бачаҳо,
мактабҳо, парки таксиҳо ва
ҷойҳое, ки одамони бисёр
меоянд, хизмат расонида
мешавад. Ҳавлӣ ва хонаҳои
хусусиро танҳо ҳангоми дар оила
будани шахси бемор тамъиз меку-
нанд.
Ба қарибӣ дар шабакаҳои иҷти-
моӣ ролике намоиш дода шуд, ки
дар он марде аз қуттии партов
ниқобҳои истифодашударо мечи-
над. Ба ҳамин муносибат дар ода-
мон саволе пайдо шуд, ки дар чу-
нин ҳолатҳо ниқобҳои истифодаи
якмаротибаинаро чӣ хел нест кард?
– Чунин ниқобҳоро бояд сӯхт ё
ки пеш аз партофтан ба партов чу-
нон буридан лозим, ки аз он бори
дуюм истифода бурда нашавад, –
гуфт духтур-эпидемиологи сани-
тарӣ А. Ҷӯраев. – Бояд қайд кард,
ки ниқобро беш аз се соат пӯши-
дан мумкин нест, дар акси ҳол он
шуморо аз бактерияҳои бемориҳои
сирояткунанда муҳофизат карда на-
метавонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ