Карантин ҳаёт ва саломатиро наҷот медиҳад

Карантин ҳаёт ва саломатиро наҷот медиҳад
  • Post category:Саломатӣ


1162 сокини вилоят таҳти карантин
қарор доранд, – дар ин бора дар маҷлиси
комиссияи фавқулоддаи зидди эпидемии
вилояти Самарқанд маълум гардид.
Режими карантин ба онҳое марбут
аст, ки аз хориҷа баргаштаанд.
Миқдори асосии ҷудокардашудагон, ки аз 557
нафар иборатанд, дар карантини хонагӣ ҳастанд,
438 нафар дар дармонгоҳҳо ва 147 нафар дар бе-
мористон қарор доранд. Вазъи саломатии онҳо
мӯътадил аст.
Ба 438 нафар ҳамватанони мо, ки ба наздикӣ
аз Русия ба вилояти Самарқанд баргаштанд,
дар хобгоҳи коллеҷи роҳи оҳани Самарқанд
ва истироҳатгоҳи «Дӯстлик»-и ноҳияи Са-
марқанд ҷой дода шудаанд. Дар ин мавзеъҳо
барои шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам
оварда шудааст.
M Ғайр аз ин, барои шаҳрвандон
200 ҷойи изофӣ дар дармонгоҳи
«Устод»-и Садорати таълими
халқи вилоят, дар бемористо-
ни дармонию шифоии вилоят
ва дар мактаб-интернати Ур-
гут 220 ҷой ташкил гардид.
Мутобиқи маълумоти роҳбарияти шӯъбаи
тандурустӣ дар вилояти мо дар байни аҳолӣ ги-
рифтори бемории коронавирус вуҷуд надорад.
24-уми март дар тамоми қаламрави Ӯзбеки-
стон низоми шадиди огоҳии густариши коро-
навирус ҷорӣ гардид: ба пойтахт ворид шудан
манъ шуд, фаъолияти бозорҳоро (ғайр аз деҳқонӣ)
боздоштанд, дар даромадгоҳи аксари бозорҳои
кишоварзии калон ва марказҳои тиҷоратӣ (супер-
маркетҳо, гипермаркетҳо ва ғайра) тепловизорҳо
ва васоити антисептикӣ насб карда шуданд. Қабу-
ли муроҷиатҳо дар идораҳои давлатӣ ва хизмати
давлатӣ ба режими онлайн гузаронда шуданд.
Аз 25-уми март аз шахсоне, ки дар ҷойҳои
ҷамоатӣ бидуни муҳофизати фардӣ (ниқобҳои
тиббӣ) мегарданд, ба андозаи арзиши ҳисобшу-
даи заминавӣ АҲП (223 ҳазор сӯм) ва ҳангоми
такрори қонуншиканӣ ба андозаи АҲП (669 ҳазор
сӯм) ҷарима ситонда мешавад
Дар иртибот ба ин масъала бо ташаббуси ҳо-
кимияти шаҳри Самарқанд ба аҳолии шаҳр 50
ҳазор адад ниқоб дода шуд. Ҳангоми амалиёти
тақсими ниқобҳои ройгон дар маҳаллаи «Янги
ҳаёт» дар рӯзи аввал ба аҳолӣ 26 ҳазор ниқоби
бепул тақсим карда шуд. Инчунин дар маҳаллаи
«Қаросув» ва деҳкадаи «Кимёгарон» ниқобҳоро
ба тарзи ройгон супурданд.
Ин гуна падидаҳои супурдани ниқобҳои рой-
гон дар бозорҳои шаҳр дар назди супермаркетҳои
бузург ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр идома
доранд.
Роҳбарияти вилоят аз шаҳрвандон хоҳиш ме-
кунад, ки ба маҳдудиятҳои мазкур ҷиддӣ назар
кунанд ва саҳми худро дар пешгирии густариши
бемории хатарнок дар ҷумҳурии мо бо роҳи рио-
яти сахти чораҷӯӣ ва тадбирҳо гузоранд!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ