Саховатпеша доим арҷманд аст

Саховатпеша доим арҷманд аст

  • Post category:Саломатӣ


Дар кишвари мо пайдо шудани бемории хатарноки
коронавирус барои воҳимаҳо сабаб шуду баъзе
одамон ба мақоли «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» амал
карда, обро лойкунон ба «моҳидорӣ» пардохтанд.
Бо ҳамин муносибат, мо бо чанд нафар шахсони
касбу корашон гуногун сӯҳбат оростем.
M Фурқат ВАЛИЕВ,
сартабиби Иттиҳодияи шифохонаҳои
ноҳияи Самарқанд:
– Ҳар як ходими тиб имрӯзҳо садоқати худро ба касб дар
амал исбот карда истодаанд. Ин ҷонбозиҳои шифокорон
аз тарафи сарвари давлат эътироф гардида, қарор «Дар
бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии кормандони хиз-
мати тиббӣ, санитариву эпидемиологӣ, ки дар мубориза
бар зидди паҳншавии сирояти коронавирус вобаста карда
шудаанд» имзо гардид.
b Мувофиқи қарор ба кормандони
тиббие, ки бо беморони сирояти
коронавирус бевосита дар тамос
шуда, аз наздик кор мекунанд, ҳар
моҳ ба миқдори 20 миллион сӯм,
ба ҳамшираҳо ва лаборантҳо — 15
миллион сӯм, ба кормандони соҳаи
санитарӣ — 10 миллион сӯм ва
ба коргарони дигар ба миқдори 5
миллион сӯм мукофот дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар асоси фармону супориши сарвари
давлат дар ноҳия штаби мубориза бар зидди пандемияи
коронавирус ташкил шуд. Ҳоло 368 нафар шифокори
баландихтисос ва беш аз ду ҳазор нафар ҳамшираҳои
шафқат чораҳои назоративу профилактикӣ мегузаро-
нанд. Аз рӯйи тартиб ҷойҳои сераҳолӣ, истгоҳу нақли-
ётҳои мусофиркашон, кӯчаву нуқтаҳои савдоро мунтазам
дезинфексия карда, ба мардум доир ба вируси тоҷдор
маълумот медиҳанд.
Дар истироҳатгоҳи «Дӯстлик»-и ноҳия қариб 400 нафар
шаҳрвандон, ки аз хориҷа баргаштаанд, муддати муайяни
карантинро мегузаранд. Қариб 30 нафар шифокорону ҳам-
шираҳои шафқат дар атрофи онҳо парвонаанд.
Шифокорони ноҳия хона ба хона гашта, ба мардум ба-
рои пешгирии паҳншавии бемории сироятнок амалҳои
заруриро тавсия медиҳанд.
Умед аст, ки мо бар беморӣ ғалаба мекунем!
M Ҳоҷӣ Баҳодур ШАРОФЗОДА,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳро-
ри Валӣ:
– Фазилати аз ҳама зебои ба комилӣ расидан сабр аст.
«Сабр» калимаи арабӣ буда, маънояш таҳаммул, тоқат,
тобоварӣ ба сахтиҳо мебошад. Қариб дар сад ояти китоби
муқаддаси мо – Қуръони карим мӯъмину мусулмонҳоро
ба сабру тоқат даъват карда ва дӯст доштани Парвардигор
шахсони пурсабр ва доимо бо онҳо буданашро хабар ме-
диҳад: «Эй, имон овардагон! Бо сабр ва намоз (аз ман) ёрдам
пурсед! Оллоҳ албатта бо сабркунандагон якҷоя мебошад»
(сураи Бақара, ояти 153).
Бо паҳн гардидани коронавирус баъзе шахсон ба таҳлука
афтодаанд, ки шояд аз маъно ва мазмуни калимаи «сабр»
мутлақо бехабаранд.
Боз як гап. Худои дард дода, табобаташро низ медиҳад.
Шукри Худо, ки Сарвари давлатамон инсони ғамхору дилсӯз,
дилёбу дарёдил аст. Ӯ барои пешгирии бемории хатарнок
аз хазинаи давлат маблағ ҷудо кард.
Аммо ман аз он дар ҳайратам, ки баъзе тоҷирон баробари
маводи озуқа виҷдони худро ҳам мефурӯшанд. Даромади
муфт ва норизо макруҳ аст. Рӯзе мерасад, ки зада мебарояд.
M Фурқат УЗОҚОВ,
тадбиркор, роҳбари корхонаи маҳду-
дмасъулияти «Зулфия»-и ноҳияи Са-
марқанд:
– Барои пешгирии бемории сироятноки коронавирус
талаб ба ниқоб ниҳоят афзуд. Корхонаи мо, ки бо дӯхтани
болопӯш, кӯрпаву болин машғул аст, зуд фаъолияти худро
тағйир дод. Ҳоло коргарони мо бо тайёр кардани ниқоб
(маска) машғул гардида, ба оилаҳои камбизоат, мӯҳтоҷ рой-
гон тақсим мекунад. Чанде пеш ҳокими ноҳияи Самарқанд
Носир Мавлонов ташриф фармуда, барои саховатмандӣ
арзи сипос намуд ва гуфт, ки дорухонаҳои ноҳия ба ниқоб
ниёз доранд.
Акнун мо барои фоида не, бо нархи арзон барои мардум
ниқоб медӯзему халос. Дӯзандаҳо Таҳмина Қӯшфайзиева,
Мартаба Нарзиқулова, Майсара ва Фотима Ҳамидоваҳо,
Ҳилола Сафоева, Нилуфар Шокирова ва дигарон ба дӯхтани
ниқоб банд ҳастанд. Ҳар рӯз ба дӯконҳои доруфурӯшӣ беш
аз ду ҳазор адад ниқоби тиббӣ расонида мешавад. Охир
мақсади мо ба ҳифзи саломатии мардум саҳми муносиб
гузоштан аст.
Дар воқеъ, мардуми саховатпеша дар ҳамаи замонҳо
арҷманду соҳибэҳтиром буданд ва хоҳанд монд.
K Мусоҳиб
Зоҳир ҲаСанЗОДа.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ