Кредитҳои имтиёзнок ба муддати 7 сол

Кредитҳои имтиёзнок ба муддати 7 сол



Қарори ҳукумат «Дар бораи чораву тадбирҳои
ривоҷи боғдорӣ, токпарварӣ ва хоҷагии
гармхона дар доираи барномаҳои дастгирии
тадбиркории оилавӣ» ба имзо расид.
Мувофиқи қарор аз ҷониби Агентии ривоҷи боғдорӣ
ва хоҷагии гармхона, иттилоотии ривоҷи токпарварӣ ва
винопазӣ ва Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳи-
бони замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон боғ ва токзорҳои
интенсивӣ барпо мегардад, гармхонаҳо бунёд ва ба аҳолӣ
дар асоси шартнома лизинг ва кредитҳо дода мешавад.
Корҳои бунёди боғ ва токзорҳои интенсивӣ, гармхонаҳо,
аз ҷониби агентиҳо ва шӯро, инчунин, дар ҳолати баҳамоӣ бо
иттиолоотҳо аз тарафи дигар ташкилотҳо амалӣ мегарданд.
Ба боғ ва токзорҳои интенсивӣ – то ба муддати ҷамъова-
рии ҳосил (аз рӯйи навъ) бо даври имтиёзнок, ба гармхонаҳо
– ба лизинггиранда бо даври имтиёзноки яксола ба муддати
то 7 сол лизинг дода мешавад, инчунин, аз тарафи бонкҳои
тиҷоратӣ кредит ҷудо хоҳад шуд.
Бо қарор низом оиди барпо кардани боғ ва токзорҳои
интенсивӣ, сохтани гармхонаҳо ва онҳоро дар асоси шартҳои
лизинг ва кредит ба аҳолӣ додан тасдиқ гардид.
Бино ба низом, дар асоси муроҷиати ташаббускорон аз
ҷониби ҳокимияти ноҳия, мақомоти худидораи шаҳрвандон
рӯйхати нахустини талабгорон тартиб дода мешавад.
Баъди тайёр шудани рӯйхат ҳокимияти ноҳия ба Агентии
дахлдори ҳокимияти ноҳия ё ин ки ба Хазина ба тарзи хаттӣ
муроҷиат мекунад.
Агентҳо, шӯро дар муддати ду моҳ дар асоси шартҳои ли-
зинг ё кредит ба ташаббускорони боғ ва токзорҳои интенсивӣ
ё ин ки гармхона ташкилоти лизинг ва бонки тиҷоратиро
муайян мекунад. Лоиҳаро тасдиқ намуда, ба ҳокимияти
ноҳия тақдим менамояд.
M Дар ин асос аз ҷониби ҳокимияти
ноҳия дар муддати 10 рӯз барои барпо
кардани боғ ва токзорҳои интенсивӣ
10 гектар, барои сохтани гармхона 3
гектарӣ (на кам аз ин) замин ба мудда-
ти 10 сол барои истифодаи муваққатӣ
ҷудо карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ