Қазоқистон экспорти гандум, орд, шакар, себзамини ва руғани офтобгардонро манъ кард

Қазоқистон экспорти гандум, орд, шакар, себзамини ва руғани офтобгардонро манъ кард

  • Post category:Ҷаҳон


Вазири тиҷорати Қазоқистон аз мамнуъияти содироти бархе маҳсулоти ғазоии ин кишвар то 15-уми апрел хабар дод.
Бохит Султонов, Вазири тиҷорати Қазоқистон эълон намудааст, ки содироти бархе маҳсулот монанди гандум, орд, шакар, себзамини ва руғани офтобгардон бо ҳадафи таъмини комили ниёзҳои мардуми Қазоқистон ба таври мувақат то 15 апрел мамнуъ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Бино бар иттилои манбаъ, дар Қазоқистон ба далели шуюи вируси Корона вазъияти фавқулъода эълон шуда ва вуруд ба ду шаҳри бузурги ин кишвар — Нурсултон ва Алмаато- мамнунъ шудааст.
Бинобар эълони Вазорати беҳдошти Қазоқистон 79 мавриди мубтало ба вируси Корона дар ин кишвар сабт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба ҳолати 27 март шумораи шахсони мубтало ба коронавирус дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба 251 ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 2001 нафар расид.
Ғайр аз он, ду ҳолати нахустини фавт аз коронавирус дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла як зани 64-сола дар Қазоқистон ва як зани 72-сола дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд.

Миёни кишварҳои ИДМ шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ бо навъи нави коронавируси COVID-19 дар Русия ба қайд гирифта шуда, ба  840 нафар расидааст. Пас аз он Арманистон қарор дорад, ки дар он ҷо 329 ҳолат ошкор гардидааст. Дар ҷои сеюм Украина буда, 196 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ