Оё зиндагии Владимир Путин пас аз паҳншавии коронавирус дигар шуд?

Оё зиндагии Владимир Путин пас аз паҳншавии коронавирус дигар шуд?
  • Post category:Ҷаҳон


То имрӯз бо вируси COVID-19 — 532 ҳазор кас дар ҷаҳон сироят шуда, 24 ҳазор нафар ҷон бохту 122 ҳазор кас шифо ёфт. Дар Русия аллакай беш аз 1000 нафар мубталои коронавирус шудааст
 Чӣ гуна зиндагии Владимир Путин пас аз паҳншавии коронавирус дигар шуд, дар ин бора сухангӯи кишвардор Дмитрий Песков нақл кард.
«Табиист, ки сухан оиди чораҳои иловагии пешгирикунанда — ҳамон чораҳои беҳдоштӣ ва дигар чораҳое, ки бояд доиман риоя шаванд, меравад. Ва ҳамаи ин дар доираи реҷаи корӣ, гарчанде чорабиниҳои оммавӣ камтар шудаанд», гуфт Песков дар посух ба суоли хабарнигорон, ки чӣ гуна ҳаёт ва одатҳои шахсии Путин дар вазъияти пандемия тағйир ёфт.
Дар баробари ин, сухангӯи дастгоҳи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков сироятшавии як узви дастгоҳи президентро тасдиқ карда афзуд, ки ӯ бо Владимир Путин тамос надоштааст.
Гуфта мешавад, нафари сироятёфта бо сарояндаи машҳури Русия Лев Лешенко дар як чорабинӣ иштирок намудааст, аммо бо ҳам тамоси наздик надоштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия дар як шабонарӯз 196 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Маскав 157 кас дар Крим 12 ва дар вилояти Маскав 8 кас мубталои коронавирус шуданд. Шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 1036 кас расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ