Тамоми чорабиниҳои байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар моҳи апрел ба нақша гирифта шуда буд гузаронида намешавад

Тамоми чорабиниҳои байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар моҳи апрел ба нақша гирифта шуда буд гузаронида намешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ чорабиниҳои байналмилалии дар моҳи апрел ба нақшагирифташуда, аз ҷумла, машварати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо –аъзои ИДМ, 51-умин машварати умумӣ ва тантанавии АБД бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро мавқуф мегузорад. Дар ин бора ба Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ хабар доданд.
Ин қарор бинобар вазъияти номуътадили сироятӣ ва манъ шудани сафарҳо бо қарори ҳукумати кишварҳо, ҳамчунин бо дарназардошти тавсияҳои СММ ва СУТ қабул шудааст, зикр намуданд дар Ассамблеяи ИДМ.
Дар хабар ҳамчунин омадааст, ки чорабиниҳои байналмилалӣ дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар сурати бартараф гардидани хавфи сирояти коронавирус дар кишварҳои иттиҳод боз аз нав шурӯъ мегарданд.
Хотирнишон месозем, ки қаблан бо сабаби авҷ гирифтани коронавирус Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо иҷлосияи баҳориро, ки 20-24-уми апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, мавқуф гузошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ