Ҷамъомади навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар Москва баргузор гардид


26-уми март дар шаҳри Москва дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар Ҷумҳурии Арманистон ба нақша гирифта шудааст, ҷаласаи коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои ИДМ аз ҷониби Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.
Дар кори ҷаласа коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Оид ба натиҷаҳои вохӯрӣ лоиҳаи қаблии рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар самтҳои зерин мувофиқа карда шуд:
-ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаҳо барои бозгашт ба шахсоне, ки маҷбурӣ берун карда мешаванд;
-фаъолияти ташкили заминавии ИДМ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;
— мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои  аъзои ИДМ ва мақомоти ИДМ дар соҳаи амният ва тартибот оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ;
— ташаккул, истифода ва афзалиятҳои рушди Махзани иттилоотии байнидавлатӣ;
— муқовимат ба эҳтимолияти истифодаи асъори крек (криптовалют) бо мақсадҳои ҷиноятӣ дар ҳудуди давлатҳои  аъзои ИДМ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ