Дар Ӯзбекистон адади гирифторони коронавирус аз 100 нафар гузашт. Боз як нафар бемор вафот кард.


Коронавируси COVID-19 боз дар 16 шаҳрванди мамлакатамон муайян шуд.
Ҳамин тариқ, шумораи умумии мубталоён дар кишвар ба 104 нафар расид. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустии мамлакат хабар медиҳад.
Ин беморӣ дар 6 нафар шаҳрванд, ки тавассути рейси чертерӣ аз Москва ба Тошканд омадаанд ва ба карантин гирифта шудаанд тасдиқ гардид. Инчунин, дар 7 нафар шаҳрванде, ки бо рейси чертерии Истанбул-Тошканд рӯзи 26-уми март омада буданд, беморӣ аниқ карда шуд. Ғайр аз ин, дар 3 нафаре, ки бо онҳо мулоқот кардаанд сирояти пандемияи коронавирус муайян гардид.
Дар давоми рӯзи охир дар як нафар бемор (мард) ҳолати марг қайд гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ