Бе ниқоби тиббӣ ба кӯча набароед!

Бе ниқоби тиббӣ ба кӯча набароед!

  • Post category:Саломатӣ


Қарори Девони Вазирон аз 23-юми марти соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус» қабул гардид.

Мувофиқи он:

– Парвозҳои мунтазам байни тамоми кишварҳои ҷаҳон ва Ҷумҳурияти Ӯзбекистон боздошта шуд;
– воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, инчунин, воситаҳои нақлиёти мусофирбар (автобусҳо, автомобилҳо ва воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан) ба қаламрави ҷумҳурият тавассути тамоми гузаргоҳҳои марзӣ боздошта шуд;
– фаъолияти тамоми иншооти фароғатии кишвар, аз ҷумла, клубҳои шабона, дискотека, тарабхона, қаҳвахона, ошхона, чойхона, салонҳои зебоӣ, караоке, толори билярд, марказҳои чилим (калян) ва бозиҳои компутерӣ манъ карда шуданд;
– талаби дар давоми 14 рӯз дар муассисаи тиббии махсус ё ин ки дар он ҷойҳое, ки барои ташкили тадбирҳои карантин мувофиқ гардонида шудааст ва ё дар шароити хона ба карантин нигоҳ доштани шахсоне, ки дар ҳудуди ҷумҳуриятамон ворид мешаванд, гузошта шуд;
– дар сар то сари ҷумҳурӣ гузаронидани ҳамагуна тадбирҳои оммавӣ, аз ҷумла, ҷашнҳои идона, тадбирҳои байналхалқӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, инчунин, барномаҳои театрӣ, кино ва консерт, тӯю маросимҳои оилавӣ (дар маросимҳои дафн 10-15 нафар иштирок кунанд) қатъ гардид.

Дар қаламрави Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз соати 00:01-и 24-уми марти соли 2020 доир ба пурзӯрнамоии пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, иҷрои чорабиниҳои зерин ҳатмӣ гардид:

– бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус, аз ҳудудҳои дигар ба шаҳри Тошканд даромадан (ба воситаи автобус, микроавтобус, нақлиётҳои сабук, хатсайрҳои ҳавоӣ ва воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан) қатъ гардид;
– шахсоне, ки дар сирояти коронавирус гумонбар ҳастанд ва ё дар карантин нигоҳ дошта мешаванд, телефонҳои мобилӣ, таҷҳизоти аудио ва видео, картаҳои бонкӣ ва дигар ашёи иттилоотӣ муваққатан гирифта мешавад;
– чораву тадбирҳо оиди кормандони ҳамаи ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бидуни таъсир ба фаъолияти аслии онҳо ба тартиби муайяншудаи ҳуҷҷатҳои қонун ба таътили меҳнатӣ баровардани ходимон ва ба қадри имкон аз масофаи муайян ташкил кардани фаъолияти кории нафарони боқимонда (ба тарзи «онлайн» ва масофавӣ) андешида шуд.
Ходим ва коргарон дар ҷойҳои корӣ бояд бо воситаҳои ҳимояи шахсӣ (ниқоб)-и тиббӣ бошанд. Инчунин, нисбати нафароне, ки қоидаҳои карантинро вайрон мекунанд, аз рӯйи тартиби муайяншудаи қонун чораҳои интизомӣ дида мешавад.
Барои ҳифзи саломатии шаҳрвандони кишвар ба шахсони аз 65-сола боло ва дорои бемориҳои музмин тавсия дода мешавад, ки бидуни зарурат аз хона набароянд ва ҳангоми ба кӯча баромадан аз таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ (ниқобҳо) истифода кунанд.
Фаъолияти ҳамаи бозорҳо ғайр аз бозорҳои деҳқонии шаҳри Тошканд, Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилоятҳо қатъ карда шуд.

Ба моддаи 54-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ қисми ҷавобгарӣ барои бидуни ниқоб гаштан илова карда шуд.
Мувофиқи он, дар чунин шароити карантинӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ки барои инсон хавфноканд, бар зидди талаботи махсуси мақомоти ваколатдор дар ҷойҳои ҷамоатӣ бидуни ниқоб гаштан ба миқдори то 5 баробари арзиши ҳисобшудаи заминавӣ (АҲЗ) (1 миллиону 115 ҳазор сӯм) ҷарима таъин мегардад.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ амал мекунад.

Дар хона монед!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ