Шунидани афсонаҳо фантазияи кӯдаконро бой мегардонад

Шунидани афсонаҳо фантазияи кӯдаконро бой мегардонад



Буд, набуд… Чунин аст оғози ҳамаи афсонаҳо, ки моро ба олами дигар: олами рӯъёҳо, олами асрорҳо, олами саргузаштҳо, олами беғамиҳо, олами нотакрору биҳиштии кӯдакӣ мебарад…
Бисёриҳо бар он фикранд, ки хотироти рангинтарини давраи кӯдакӣ ҳамонест, ки модарон пеш аз хоб ба ҷигарбандонашон афсона мехонанд. Ҳар яки мо дар хотир дорем, ки бо шунидани садои фораму гӯшнавози модар симои қаҳрамонони афсонавӣ бо рангу ҷилои мухталиф пеши назарамон омада, моро ба сайри олами дигар мебурданд. Бинобар ин, олами нотакрори афсона дар ёдҳо боқӣ мемонад. Ҷиҳати ҷолибтарини афсонаҳо он аст, ки аксари онҳо бо хубӣ анҷом меёбанд.
Воқеан, кӯдакон шунидани афсонаҳои ҷолибро на камтар аз аллаи модар дӯст медоранд. Илова бар ин, афсонаҳо зеҳни кӯдаконро ба ҷунбиш меоранд, онҳоро ба фикр кардан водор месозанд.
Суоле ба миён меояд, ки аз кадом синну сол ба кӯдакон афсона бихонем? Барои кӯдакон чӣ гуна афсонаҳоро интихоб кунем, то ба завқи онҳо муносиб ва барои рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаашон муфид бошад?

Нодира Мансурова – мудираи Ташкилоти таълими томактабии рақами 102-и шаҳри Самарқанд:

– Хондани афсона ба рушди минбаъдаи шахсияти кӯдак, ҳосил намудани малакаҳои нав, робитаи ӯ бо ҷомеа, инкишофи зеҳниву нутқӣ ва худбаҳодиҳии ӯ таъсири мусбӣ мерасонад. Тавассути афсона кӯдак дунёро меомӯзад, неку бадро фарқ менамояд, аз паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ огоҳ мешавад. Худро ба каҳрамони он монанд карда, хислатҳои некеро, аз қабили ростқавлӣ, поктинатӣ, бовиҷдонӣ, мардонагӣ ва ғайра ба худ гирифта, идеале месозаду ба он пайравӣ менамояд. Ҳамзамон, афсона доираи муносибати хурдсолонро бо ҷомеа васеъ гардонида, дар ҳалли ҳар гуна мушкилот кӯмак мерасонад. Аз ин рӯ, дар ташкилоти мо ба афсонагӯйи эътибори алоҳида дода мешавад. Тарбиятгарон кӯшиш мекунанд, ки афсонаҳои нав ба наву аҳамияти тарбиявӣ доштаро нақл кунанд. Инчунин, дар вақти хобравии гурӯҳи хурдтаракон суруди алларо низ мехонанд. Зеро кӯдак ҳангоми шунидани алла ором мегирад. Ман дар хона низ ба наберагонам ҳар гуна афсонаҳои халқиро нақл мекунам. Онҳо ба ин аллакай одат ҳам кардаанд.

Саида Одилова, 
психологи мактаби таълими умумии рақами 14-и шаҳри Самарқанд:

– Албатта, афсонаҳоро мутобиқ ба синну сол ва завқу салиқаи кӯдакон бояд интихоб намоем. Масалан, аз 2-солагӣ ба кӯдак хондани афсонаҳои «Бузаки ҷингилапо», «Кулча», «Моҳичаи тиллоӣ», «Рӯбоҳ ва лаклак» ва монанди инҳо мувофиқи мақсад аст.
Аз синни 2 то 5-солагӣ дар кӯдакон қобилияти инкишофи рангорангии хаёлот пайдо мешавад. Аз синни 5 то 7-сола бошад, кӯдакон ба афсонаҳои сужеташон ҳархела ва ё пур аз моҷароҳо мароқ зоҳир мекунанд. 
Аммо як чизро набояд сарфи назар кард, ки барои кӯдак дар ҳама синну сол ҳатман он адабиётеро пешниҳод намоем, ки на писанди мо, балки ба худи онҳо писанд шавад.
Агар дар қиссаву афсонаҳо қаҳрамонҳо ва ашёҳои барои кӯдакон ошно зиёд бошанд, ин шавқу завқи онҳоро бештар бедор месозад. Масалан, онҳо қиссаҳоеро, ки дар бораи ҳамсолонашон, дар бораи падару модар ва хоҳару бародаронашон ё худи онҳо бофта мебарорем, хеле дӯст медоранд. Ва ҳатман анҷоми афсона бояд ҷолиб бошад. Дар фанни психология усули «терапияи афсонаҳо» мавҷуд аст. Дар он рӯҳияти кӯдаконро ба назар гирифта, афсона интихоб мекунед, онро бо хоҳиши онҳо нақл мекунед ва ё ба худашон мехононед.
Ба кӯдакон албатта, китоби афсона тӯҳфа кунед, афсона бихонед, ҳамроҳашон афсона бофта бароред, то зиндагиашон мисли афсона ширину рангин гардад.

Шавкат Тӯрамуродов, 
тадбиркор, сокини 50-солаи ноҳияи Самарқанд:

– Мутаассифона, айни замон ҷойи афсонахонии модаронро телефонҳои мобилӣ, ё бозиҳои гуногуни компутерӣ гирифтааст. На ҳар модар ҳавсала ва вақти ба кӯдакони худ афсонахонӣ дорад. Замоне, ки хурд будем, афсонаҳои «Бузаки ҷингилапо», «Деви ҳафтсар» ва ба монанди инро нақл мекарданд, ки мо бо шавқи зиёд гӯш мекардем. Имрӯзҳо бошад, волидон ба насли наврас афсона намегӯянд. Ҳол он ки ба кӯдак бештар афсона гуфтан лозим. Зеро вақте кӯдак афсонаро мешунавад, хубу бад, сиёҳу сафедро аз якдигар фарқ менамояд. Ғайри ин, аз шунидани афсона дониши кӯдак васеъ мешавад. Солҳои фарзанддор шуданамон завҷаам он

қадар ҳохиш надошт, ки ба кӯдаконамон алла ва ё афсона гӯяд. Аниқтараш намедонист. Бо вуҷуди он, ҳар рӯз талаб мекардам, ки кӯдакро бо суруди алла хобонад. Бо ҳамин одат карду худ аз ҳар хел китоби дарсии ҷиянҳоям афсонаҳои нав хонда, ба фарзандонамон нақл мекард. Садҳо шукр, ки имрӯз фарзандонамон соҳиби касбу кори муносиб шудаанду фикри солими худро доранд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ