Тедрос Аданом Гебреисус: аз доруҳои ҳархела дар таботаи короно истифода накунед

Тедрос Аданом Гебреисус: аз доруҳои ҳархела дар таботаи короно истифода накунед

  • Post category:Ҷаҳон


Хабаргузории Reuters иттило медиҳад, ки Тедрос Аданом Гебреисус — Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз кулли кишварҳои олам хостааст, аз доруҳое, ки таъсири онҳо бар бемории COVID-19 таъйид нашудааст, истифода накунанд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд Тедрос Аданом шомгоҳи ҷумъа дар як конфронси хабарӣ дар Женева, бо таваҷҷӯҳ ба густариши ҷаҳонии вируси короно гуфтааст, ки ин беморӣ то кунун беш аз ним милюн нафарро олуда ва қариб 20 ҳазор нафарро дар ҷаҳон куштааст.
Вай дар идома бар камбуди шадиди васоил ва лавозими беҳдоштӣ таъкид кард ва ин масъаларо яке аз “ҷиддитарин таҳдидҳо барои тавоноии ҷамъии мо барои наҷоти ҷони афрод” донист.
Тедрос Аданом илова кард, ки “Коркунони соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои камдаромад ва миёна шоистаи ҳимоят ҳастанд ва сарватмандон дар ин кишварҳо бояд аз онҳо ҳимоят кунанд.”
Доктор Майк Риён, коршиноси калони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба тозагӣ гирифтори ин вируси ҳамагир шудаанд. Бархе дигар монанди Сингапур ва Чин низ акнун ба шиддат дар талошанд, то дубора ин беморӣ буруз накунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ