Шумораи гирифторони коронавирус дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чанд нафар шуд?

Шумораи гирифторони коронавирус дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чанд нафар шуд?

  • Post category:Ҷаҳон


Тавре, ки хабар додем, дар мамлакатамон бо ошкор шудани 16 ҳолати дигари коронавирус шумораи умумии гирифторони ин бемории марговар ба 104 нафар расид. Ҳамчунин, дар кишвар ду ҳолати фавт ба қайд гирифта шудаааст.
Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад. Ба ҳолати 28-уми март шумораи гирифторони коронавирус дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 2499 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар Россия 1036 ҳолат, Арманистон – 329, Украина – 310, Қазоқистон – 204, Молдова – 199, Озарбойҷон – 165, Беларус – 94 ва Қирғизистон – 58 ҳолати сироятёбӣ ошкор шуд. Дар баъзе аз ин давлатҳо шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 45 нафар, Беларус — 32, Арманистон – 28, Озарбойҷон – 15, Қазоқистон – 13, дар мамлакатамон – 5, Украина – 5 ва Молдова – 2 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд. Илова бар ин, дар Россия 4 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Украина – 5, Озарбойҷон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2, Арманистон – 1 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Дар Афғонистон низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 110 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 597 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 27 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 133 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 23 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ