Писари Президенти Тоҷикистон — Рустами Эмомалӣ ба мансаби нав таъин гардид


Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар паи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Р.Эмомалӣ ҳоло ҳокими Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.
«Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон – интихобкунандагон, номзадии Рустами Эмомалӣ – раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардид».
Дар ин бора зимни ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, Иcмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино, ки оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ баргузор гардид, хабар дода шуд.
Дар интихобот аз 219 нафар вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 217 нафар ширкат карданд.
 Иҷлосияи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино номзадии панҷ нафар вакилонро ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намуданд, ки яке аз онҳо Рустами Эмомалӣ мебошад.

https://ittiloot.com/tj/

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ