Акнун навбати ҳайвонот? Дар Белгия як гурба бо коронавирус сироят кардааст


Дат Белгия ҳолати сирояти коронавирус аз инсон ба гурба қайд шудааст. Дар ин бора, нашрияи РТВР- мамлакат хабар дод.
“Мутахассисони маркази ветеринарии шаҳри Лаеҷ хабар доданд, ки гурбае бо коронавирус ташхис шудааст. Беморӣ аз ҷониби соҳиби он гузашт” мегӯяд вакили маркази назорати коронавирус Эмониуэл Андре.
Мақомоти расмӣ ба соҳибони ҳайвонот пешниҳод карданд, ки як қатор чораҳои эҳтиётиро андешанд. Махсусан тавсия дода мешавад, ки алоқа бо ҳайвонот кам карда шавад.
Бо вуҷуди ин, Андре гуфт, ки ӯ ҳайвонотро ҳамчун сирояткунандагони ин беморӣ намебинад. Назар ба гуфти ӯ сирояти вирус аз ҳайвонот танҳо ҳангоми тамоси хеле наздик метавонад рух диҳад.
“Аз ин рӯ барои ба ҳайвонот бо назари ҳамчун сирояткунандагони беморӣ нигаристан нашряд”- гуфт ходими марказ.
Мувофиқи маълумотҳои охирин, дар Белгия 7 284 нафар мубталои сирояти коронавирус шудаанд. Аз инҳо 289 нафар ба ҳалокат расида, 858 нафари онҳо шифо ёфтанд.

Нуруллох Шарипов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ