Ҳокимияти Нуробод ба шаҳрвандони ноҳия 3000 дона ниқоби тиббӣ тақсим кард


Яке аз соддатарин чораҳои муҳофизат аз сирояти коронавирус, ки имрӯз тамоми оламро таҳдид мекунад, истифодаи ниқобҳои тиббӣ мебошад.
Барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар ноҳияи Нуробод тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз ҷумла, ҳокимияти ноҳияи Нуробод дар якҷоягӣ бо аъзоёни комиссияи махсус, дар маҳаллаҳо ва бозорҳои фермерии ҳудуди ноҳия дар як рӯз 3000 дона ниқобҳои муҳофизатиро ба аҳолӣ тақсим карданд.
Инчунин ба шаҳрвандон оиди риояи қатъии қоидаҳои карантинӣ ва гигиена маълумот дода мешавад.
Хизмати ахбори ноҳияи Нуробод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ