👉Дирӯз адади сироятёфтагони коронавирус ба 16 нафар афзуда, ба 104 нафар расид. Як нафар бемор вафот кард.
👉 Беморе, ки вафот кард, шифокори 39-сола мебошад. Ба ӯ ин беморӣ аз зани аз Франсия баргашта сироят карда буд.
👉Дар Вазорати корҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳо дар шакли коғазӣ боздошта мешавад. Вирус дар коғаз шуданаш мумкин аст.
👉 Шаҳри Ҷиззах ва вилояти Хоразм низ муваққатан дарҳои худро барои воситаҳои нақлиёт бастанд.
👉Дар Тошканд маросими тӯй, ки бар муқобили қоидаҳои карантин гузаронида мешуд, боздошта шуд. Дар шаҳр таҷҳизоти махсус барои дезинфексия ҷалб карда шуданд.
👉 Дар вилояти Андиҷон 4 шифохонаи марказӣ ба муддати 14 рӯз баста шуд.
👉 650 нафар шаҳрванде, ки аз хориҷ оварда шуданд, дар шифохонаи махсуси Юқори Чирчиқ ҷойгир карда шуданд. Дар Зангиота шифохонаҳои муваққатӣ сохта мешаванд, ки дар як вақт 10000 нафарро қабул мекунанд.
👉 Дар Ӯзбекистон аз 30-юми март ҳамаи аэропортҳо баста шуданд ва тамоми парвозҳо боздошта шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ