Эрон: дар як шабонарӯзи гузашта 3076 нафар гирифторони коронавирус аниқ карда шуд

Эрон: дар як шабонарӯзи гузашта 3076 нафар гирифторони коронавирус аниқ карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Хабаргузории Sputnik Эрон менависад, ки сухангӯи Вазорати беҳдошти ин кишвар, Киёнӯш Ҷаҳонпур рӯзи шанбе омори мубталоён ва ҷонбохтагон аз коронавирусро эълон кард.
Бар асоси гузориши мазкур то кунун 35 408 нафар ба вируси нав мубтало шуда ва 2517 кас ба иллати ин беморӣ фавтидааст.
Ҳамчунин, хушбахтона 11679 нафар шифо ёфтаанд.
Ёдрас мешавем, ки то 28-уми марти соли 2020, шумораи мубталоёни коронавирус дар ИМА аз 100 ҳазор нафар гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон тақрибан ба 600 ҳазор расид.
Шумораи фавтидагон беш аз 27 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, зиёда аз 133 ҳазор нафар мебошад. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ