Русия: теъдоди умумии дардмандони коронавирус ба 1264 нафар расид


Дар Федератсияи Русия давоми як шабонарӯз 228 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст.
Ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба ин маризӣ дар 26 монотиқи Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудааст, ки 114 ҳолати он ба шаҳри Маскав рост меояд.
Бар хабари ситоди фаврии мубориза бо коронавирус, теъдоди умумии дардмандони ин беморӣ дар Русия ба 1264 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ситоди фаврӣ аз шифо ёфтани 4 нафар дар як шабонарӯз хабар додааст, ки ду мариз дар вилояти Твер ва як нафарӣ дар Самара ва Томс бар ин маризӣ дастболо шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ