Мусаввадаи шоирони маърифатпарвар ба даст омад

  • Post category:Асосӣ


Бо шарофати Истиқлол имрӯз ном ва осори адибону мутафаккирони маърифатпарвар, ки дар нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар мамлакатамон ғояву афкори пешқадамро тарғиб намудаанд, аз нав зинда гардонида мешавад. Хусусан, дар эҷодиёти шоирону нависандагони маърифатпарвари он давр танқиди зулму истибдод,
тарғиби озодихоҳии халқ ва дар байни онҳо паҳн намудани илму маърифат мавқеи муҳим дорад.
Чунончи, шоирону донишмандони маъруфи ин давр мисли Садри Зиё, Туғрал, Асирӣ ин равияро бомуваффақият ривоҷ доданд. Боре китобхонаи падари бузургворро аз назар гузаронда, як баёзи дастнави серо пайдо намудем, ки дар он ашъори шоирони ҳамон давр Неъматуллоҳ бо тахаллуси Қорӣ, Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат ва Ишқӣ дарҷ
гардидааст. Онҳо маҳз дар давраи мазкур зиндагӣ ба сар бурда, шеърҳое гуфтаанд, ки дарди замонро дар худ таҷассум намудааст.
Шеърҳои мазкурро ба ҳуруфи кириллӣ баргардонда, пешкаши мухлисони шеър мегардонем. Ин баёз метавонад барои тадқиқгароне, ки ҳаёт ва осори адибони маърифатпарварро мавриди омӯзиш қарор додаанд, ҳамчун манбаи муҳим хизмат намояд.


Намуна аз шеърҳои
ҚОРӢ НЕЪМАТУЛЛОҲ


Дар фироқаш дидаи ғамдидаам бехоб монд,
Аз сиришкам ҳамчу моҳӣ пайкарам дар об монд.
Дидаи бедори ошиқ аз ғами ҳиҷрон нахуфт,
Маҳфил аз осоишу осудагӣ дар хоб монд.
Дӯш буд он моҳсимо то саҳар дар хонаам,
Аз фурӯғи орази ӯ то саҳар маҳтоб монд.
Аз канорам рафту бурд он гулъузор аз дил қарор,
Хор-хори шавқи рӯяш дар дили бетоб монд.
Рафту ишқаш оташе дар кӯраи ҷонам фурӯхт,
Музтариб дил дар барам чун бӯтаи симоб монд.
Мо ба завқи ишқи худ дар кӯйи ӯ қурбон шудем,
Кас нагӯяд хуни мо дар гардани қассоб монд.
Кишвари оқу қаро дарёи бадбахтон бувад,
Киштии мо аз чӣ, ё Рабб, андарин гирдоб монд?
Ашки ҳасрат аз дилам то дида вайрон кардааст,
Як-ду зоҳири аломат ҳар куҷо селоб монд.
Умрҳо шуд дур, Қорӣ, з-он парӣ гардидаам,
Орзуи сӯҳбати мо дар дили аҳбоб монд.


ҒаЗаЛИ шОИр ИшҚӢ


Дорам зи ғамаш соғари саршор, дигар ҳеҷ,
Аз фурқати ӯ дидаи хунбор, дигар ҳеҷ.
Талх аст маро коми дил аз заҳри фироқаш,
Бо заҳр бувад шарбати дидор, дигар ҳеҷ.
Пурсад чу табибам сабаби дарди ниҳонӣ,
Гӯям, ки ғами ёру ғами ёр, дигар ҳеҷ.
Он шӯх ба ҷуз нозу такаббур нафурӯшад,
Инҳо бувадаш гармии бозор, дигар ҳеҷ.
Буд аз ҷигарам қатразанон то сари кӯяш,
Ҳамроҳ ба ман ашки ҷигардор, дигар ҳеҷ.
Дорам ба дил аз орзуи зулфи ҳабибаш,
Ҳар дам ҳаваси бастани зуннор, дигар ҳеҷ.
Ишқӣ, самари ишқ ҳамин як-ду-се чиз аст:
Нокомию навмедию озор, дигар ҳеҷ.


ҒАЗАоИ
ҚОрӢ НЕЪМАТУЛЛОҲ


Омад ин дам бар машомам накҳати бӯйи баҳор,
Чун фараҳ омад ба дил, в-аз сина рафт ранҷу ғубор.
Аз насими ҷонфазояш мурғи дил дорад наво,
Мекунад тасбеҳи «Суббуҳун» ба фазли Кирдигор.
Баҳри таъзимаш бисозӣ молу мулки хешро,
Баҳри таслимаш кунӣ ҷону дили худро нисор.
Шуд чаманҳо сар ба сар сарсабз, замин аз лола сурх,
Ғунча лаб во кард, булбул дошт аз мастӣ шиор.
Фасли наврӯзӣ муяссар гашт байни хосу ом,
Зебу зинат ёфт дар ҳар ҷо замини шӯразор.
Дорад уммеди шафоат аз Расул-ул-мурсалин,
Неъмато, шояд туро хонад зи хайли растагор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ