Паҳншавии коронавирус дар ҳудуди Чин пурра боздошта шуд

Паҳншавии коронавирус дар ҳудуди Чин пурра боздошта шуд

  • Post category:Саломатӣ


Ҳукумати Чин дар бораи пирӯзӣ бар коронавируси навъи COVID — 19 хабар доданд. Дар ин кишвар дигар вирус паҳн намешавад.
Ҳамагирии коронавирус дар ҳудуди Чин пурра боздошта шуд, изҳор дошт, намояндаи расмии Кумитаи давлатии тандурустии Чин, Ми Фэн.
«То 28-уми март сироятшавии камтар аз се ҳазор нафар тасдиқ шудааст. Дар умум паҳншавии коронавирус дар Чин боздошта шуд», — гуфт Ми Фэн.
Ӯ қайд кард, ки аз оғози зуҳури коронавирус то кунун дар ҳудуди кишвар 81,4 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар баробари ин пизишкон тавонистанд 75,5 ҳазор беморро табобат кунанд. Ин беморӣ ҷони 3,3 ҳазор касро гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ