Кохи ёдгорӣ

Кохи ёдгорӣ

  • Post category:Фарҳанг

Салим Кенҷа шоири вуқӯъгӯй, некбин ва хушгуфтори мардумӣ, марди хирадманду қадршинос ва меҳрпарвар шинохта шудааст. Дар китоби «Меҳр ва шеър» (Тошканд, 2016) шоир сад шеъри худро ба эҳтирому эътиқоди устодон, ёру дӯстон ва пайвандон бахшидааст. Дар маҷмӯа сатрҳои аз мағзи дилу ҷон гуфтаи ӯро мехонем:
Меҳри ман меҳри дил аст, эй одамон,
Шеъри ман шеъри дил аст, эй одамон.
Меҳри дилро мефиристам ман ба боғу бӯстон,
Шеъри дилро ҳадя месозам ба ёру дӯстон.
Салим Кенҷа дар насри бадеӣ низ майлу рағбати зиёд пайдо кардааст. Мухлисони адабиёт чандин ҳикояҳои латиф ва қиссаҳои бозарофати ӯро хуш пазируфтаанд. Дар китоби «Зарофати дӯс­тон» (Тошканд, 2014) сипосгузории худро нисбати устодон ва аҳли илму адаб баррасӣ кардааст. Инак, боз як китоби тозанашри ӯ «Ду қиссаи зиндагӣ» (Тошканд, 2019) аз чоп баромад, ки «Қиссаи Аслам» ва «Тӯйи писарам»-ро дар бар мегирад (сухани муфассал оид ба қиссаи ҳаҷвии дуввум дар мақолаи «Ҳаҷвиёти С. Кенҷа» дар пеш аст). Алҳол «Қиссаи Аслам» ба хотири шоири саҳир ва мутарҷими моҳири тоҷик, шодравон Аслам Адҳам иншо шуда, ҳақиқати ҳол ва саҳми эҷодии ин шоири самарқандиро нақл менамояд.
Ногуфта намонад, ки ба хотири мардони бонуфузи даргузашта ёдбуди сазовор навиштан на ба ҳар кас муяссар хоҳад шуд. Ин кори хайр суханбофӣ, дурӯғи ростмонанд ва ситоиши сохтаро аз рӯйи эҳтиром намепазирад, чунон ки имрӯз сурат гирифтааст, ҳиссагузорӣ ва хислатҳои ба худ хоси шахси бақадрро нағз дониста, бо ҳақиқати ҳоли ӯ падид овардан адои қарзи инсонист.
Шоири инсондӯст С. Кенҷа бисёр сол боз мехост оиди Аслам Адҳам дарди дил изҳор намояд, вале ҷуръат намекард, интизор буд, ки ин кори хайрро ягон каси дигар ба сомон мерасонад. Аммо, мутаассифона, солҳои тӯлонӣ аз ҳеҷ кас садое набаромад. Меҳри Аслам зӯрӣ карду ӯ ин нақшаашро ба амал баровард. Китобро соли 2007 навишта, ба итмом расонд, вале ба ҳеҷ кас нагуфт. Аз байн боз даҳ сол сипарӣ шуд ва асар ниҳоят ба ҷашнвораи 80-солагии шоир (Аслам 18-уми октябр зодрӯз дошт) чоп шуд. Ин корро ғайри Салим Кенҷа дигар ҳеҷ кас ҳам ба ӯҳда гирифта наметавонист. Зеро ҳақиқати ҳол ва саҳми эҷодии Асламро беҳтар ва зиёдтар аз ҳама Салим Кенҷа медонист. Ин ду қаламкаш дӯстони қарин, ҳамдаму ҳамроз буданд.
Аслам Адҳам шеърҳои зебо менавишт, вазну қофия, санъати сухан ва ифодаҳои бадеиро нек медонист, мекӯшид, ки сухани тоза бигӯяд, образҳои навин офарад. Аз шеъраш ба дилҳо накҳати махмур мерасид, ашъораш дар рӯзномаҳо чоп мешуданд. Дар китоби С. Кенҷа ҳиссагузории эҷодии ин шоир ва мутарҷими тоҷик муфассал баён шудааст. Ба гуфти образноки муаллиф Аслам Адҳам дар самои шеърият бо ду қанот парвоз мекард: ба адабиёт шоир ворид шуду онро чун тарҷумони боистеъдод тарк намуд.
Боре нашриёти «Ирфон» маҷмӯаи ашъори ӯро таҳти унвони «Шӯълаи умед» чоп накард. Сабабашро худи Аслам дар сӯҳбат бо журналист М. Ҳусейнов чунин баён кардааст: «Дар як маҷлис мудири шӯъбаи нашриётро танқид кардаму ба бало мондам. Гапамро ба вай нарезондаю начакконда расондаанд. Дилам аз шеър ях барин сард шуд ва домани шеърро гузошта, аз пайи тарҷумонӣ шудам» («Овози тоҷик», 18-уми октябри соли 1998). Дар хотимаи китоб нӯҳ шеъри маҷмӯаи чопнашудаи «Шӯълаи умед» оварда шудааст, ки айни муддаост.
Ба тарҷумонӣ майл пайдо кардани А. Адҳам, ба қавли муаллиф, сабабҳои дигар ҳам доштаанд. Аслам медид, ки ҳамон солҳо Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор ва боз чанде дигар шеърҳои аъло мегуфтанд ва ӯ дар сӯҳбат бо М. Ҳусейнов, ки зикр шуд, гуфтааст, ки «Аз шоири миёна шудан, тарҷумонӣ нек аст». Сабаби дигар – азоби рӯҳию моддии эҳтиёҷоти зиндагӣ буд. Тарҷумони шуданӣ пулёбиаш осон шуд. Боз нек медонист, ки тарҷума мактаби такмили маҳорат, воситаи хуби дарку эҳсоси ангезаи шеър аст. «Барои тарҷумаи шеър шоир будан шарт аст, – мегуфт ӯ. – Ҳарорате лозим аст, ки маъдани шеърро гудохта, ба қолаби забони тоҷикӣ резӣ, на мазмун гум шавад, на образ ва на назокати шеър». Бинобар ин, дилпурона мегуфт: «Тарҷума шеъри ман аст».
Аслам Адҳам ҳамчун тарҷумони моҳир шинох­та шуд. Бино ба маълумоти С. Кенҷа аҳли илму адаб нусхаи тоҷикии шеърҳои Вера Инбер «Хоти

раҳои Ӯзбекистон», Пушкин «К

охи ёдгор», чандин шеърҳои Есенин, Маяковский, Шекспир, «Достони полки Игор», «Роҳзанҳо»-и Шиллерро дар тарҷумаи А. Адҳам хуш пазируфтаанд. Ӯ барои театри ба номи А. Лоҳутӣ фоҷиаи Софокл «Шоҳ Эдип»-ро ба тоҷикӣ гардонд, инчунин муаллифи либреттои операи «Ғуломон» (аз рӯйи асари устод С. Айнӣ) мебошад, ки онро Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузоштааст.
А. Адҳам ба тарҷумаи шоҳасарҳои бузургҳаҷму мураккаб – «Палангинапӯш»-и Шота Руставели ва эпоси халқии қирғиз «Манас» ҷуръат кард. С. Кенҷа чун воқифи эҷодкориҳои азими Аслам қайд мекунад, ки ӯ ин асарҳои барҷастаро бо заҳмату давуғеҷи зиёде аз забони аслӣ – гурҷӣ ва қирғизӣ ба тоҷикӣ гардонд. А. Адҳам соли 1980 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шуд.
Салим Кенҷа ба гуфтани ҳазлу мутоиба ва ифодаҳои юморомез маҳорати зебо дорад ва он аз табъи латиф ва суханварии ӯ сарчашма мегирад. Муаллиф дар бобҳои «Рафтори аҷиб дошт», «Шогирди чойхоначӣ», «Се панди яҳудӣ» оиди рафтори ғайричашмдошт ва нотакрори Аслам бо дили софу беғараз, юморомез ва самимона ҳарф мезанад. Муаллиф сӯҳбати шодравон Б. Ортиқзода ва Деҳотиро оиди Аслам овардааст, ки пас аз «баъзе рафторҳои аҷиб дошт» гуфтани Б. Ортиқзода, Деҳотӣ бо табассум: «шоирони бузург одатан ҳамин тавр мешаванд, ба қавле, ба онҳо як қамчин намерасад», – мегӯяд. Лоиқ Шералӣ низ ҳазломез «Ошиқию шоирӣ девонагӣ» мегуфт, ки шояд аз ҳиссиёту ҳаяҷони болобардор, бедордилӣ, дунёфаҳмӣ, равшанзамирии хоси эҷодкорони асил бошад.
Муаллиф нақл менамояд, ки Аслам дар имтиҳони курси якуми донишгоҳ бо муаллими забоншиносӣ барои баҳои се ҷанҷол карда, аз баҳри хондан мебарояд ва пойи пиёда ва баъзан савори хару аробаи раҳгузарон се шабонарӯз роҳ паймуда, ба Душанбе меояд. Ҷойи аниқ, ки надошт, дар чойхонаи «Роҳат» дастёри чойхоначӣ шуда, чойник мекашонд. Ин рафтори ӯ дар ҳақиқат ҷуръати нотакрор буд.
С. Кенҷа аз нақли худи Аслам овардааст, ки боре ӯ аз нашриёт 750 сӯм ҳаққи қалам мегирад ва баъди маишат бо ду рафиқаш ба хона нею хаёлан ба аэропорт меояд, чипта харида, ба Тошканд парвоз мекунад. Аз фурудгоҳ рост ба ресторани «Тошкент» ворид шуда, баъди нӯшидан бо микрофон эълон менамояд, ки барои нишастагон зиёфат аз ҳисоби ӯст. Як даста пулро ба кисаи пешхизмат андохта, аз ресторан мебарояд. Ду даст ба бинӣ куҷо рафтанро надониста, ба вокзал меояд, ба як кондуктори худоҷӯй дардашро мегӯяд, пагоҳирӯзӣ ба Самарқанд мерасад.
Бо ҷумла «рафторҳои аҷиб» симои Аслам дар асар чун марди танте, ба заҳмати кори эҷодӣ тобовар ҷилвагар шудааст. «Ӯ дар эҷод девкор буд, – менависад муаллиф. – Дар сари миз аз субҳ то шом ва то нисфи шаб менишаст. Агар танҳо бошад, хӯрок намепухт, бо нони бӯлка ва чой қаноат мекард. Қариб буд, ки нос намекашид. Метавонист дар як шабонарӯз 300 мисраъ шеърро ба тоҷикӣ гардонад».

Образи Аслам ҷавонмарди боғуруру зудранҷ, дар ҳушёрӣ ҷиддӣ, баъзан шӯхтабиат, ба ягона фарзанд ғамхору меҳрубон, ба дӯстон некхоҳу вафодор тасвир шудааст. Хонанда аз ноомади бахти оилавӣ, зиндагии ношуданӣ ва дар охири умр сокини хонаи ногирону пиронсолони ноҳияи Ёвон будан, азоби беморӣ ва аз пайвандону дӯстон ҷудоӣ кашидани ин эҷодкори асил таассуф мехӯрад.

Меҳри Самарқанд дар вуҷуди Аслам пурзӯр буд ва яке аз сабабҳои ба Душанбе пойи пиёда рафтани ӯро муаллиф дар дилбастагӣ ба Самарқанд тасаввур мекунад. Намехост пояш аз ин диёри барои вай азиз ба тезӣ канда шавад.
Аслам Адҳам чиҳил китоби шоирони ҷаҳонро ба тоҷикӣ гардонд, дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик, инкишофи робитаҳои адабӣ ва дӯстии халқҳо ҳиссагузор буд. Тавассути китоби С. Кенҷа ҳақиқати ҳол ва сатҳи эҷодии Аслам Адҳам барои имрӯзиён дастрас шуд. С. Кенҷа ба хотири Аслам коҳи ёдгории арзанда гузошт. Қисса бо сатрҳои аз меҳру эътиқод ва фармони дил гуфтаи шоир поён меёбад:
Зинда дорад номи ту ашъори ту,
Чил китоби тарҷума – осори ту.
Дӯстам, фарзона як шоир будӣ,
Тарҷумони номии моҳир будӣ.
Буд Самарқанди азиз маъвои ту,
Шуд мазористони Ёвон ҷойи ту.
Хизматат дар назди мо афзун бувад,
Аз ту ҳар хонандае мамнун бувад…
Мардон ШАРОФОВ, 
номзади илми санъатшиносӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ