Адаб мол аст ва корбурдаш камол


Чанд гуфтори бузургон дар боби адаб

Касеро адабаш бештар гардад, шарафаш бештар мегардад.
Бузургмехри Хаким

Адаби судманд ин аст, ки аз дигаре панду андарз гирӣ, на ин ки дигаре аз ту панд гирад.
Анўшервони Одил

Касе фарзандро дар хурдӣ адаб омўзад, дар бузургӣ аз ў хушнуд гардад.
Ношинос

Ҳеҷ меросе судмандтар аз адаб нест.
Алӣ ибни Абўтолиб

Адаб шинохти нафс аст.
Абдуллоҳи Муборак

Талаби адаб беҳтар аз талаби тилло аст.
Алӣ ибни Абутолиб

Талаби адаб намоед, чун ниёзе ба он пайдо шуд, он моли шумост.
Абдулмалик ибни Марвон

Донистам, ки ман шоёни адаб нестам, зеро аз фақру нодорӣ гила кардам.
Алӣ ибни Абутолиб

Бечора касест, ки адаб надорад.
Муовия ибни Абӯсуфён

Адаб мол аст ва корбурдаш камол.
Зарбулмасали итолиёӣ

Мард бо камолаш шинохта мешавад, на бо ҷамолаш, бо адабаш шинохта мешавад, на ба либосаш.
Мустафо Манфалутӣ

Адаб ва муҳаббат масрафу харҷе надорад, вале ҳама чизро харидорӣ мекунад.
Монтескю

Одами боадаб дарвозаи дилҳоро ҳамеша кушода мебинад.
Ороди Кабир

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ