Мулоҳизаи омӯзгор: табиатшиносӣ фанни дуюмдараҷа не?


Имрӯз дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар мамлакати мо ба масъалаи муҳофизати табиат ва экология эътибори алоҳида дода мешавад. Ин буд, ки Президенти мамлакат дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис пеши мутасаддиёни соҳаи экологӣ вазифа гузоштанд, ки барои пешгирии таъсири ногувори экологии рушди саноат барномаи чорабиниҳои маҷмӯиро барои солҳои 2020-2025 ва то 1-уми октябри соли ҷорӣ лоиҳаи Кодекси экологиро таҳия кунанд.
Дар ин самт, яъне пешгирии муаммоҳои экологӣ, омӯзгорони мактабҳои ҳамагонӣ ва олӣ бештар масъуланд. Маҳз бо мақсади ба ҳифзи табиат бештар ҷалб намудани хонандагон ва баланд бардоштани маданияти экологии онҳо дар мактабҳои ҳамагонӣ омӯзиши як қатор фанҳо ба роҳ монда шудааст, ки табиатшиносӣ, ботаника, биология, зоология аз ин ҷумлаанд.
Мақсад аз омӯзонидани ин фанҳо дар насли наврас тарбия намудани муносибати оқилона ба табиат, афзунсозии ҳисси масъулият нисбат ба истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиат, беэътибор набудан ба экология мебошад.
Дар раванди дарсҳо мо – муаллимон бояд ба хонандагон дар бораи муаммоҳои экологӣ ҳарф ҳзанем. Чунки солҳои охир шумораи аҳолии рӯйи Замин афзуда, талаботи инсон ба озуқаворӣ зиёд мешавад. Бинобар ин, дар назди ҳар як инсони комил масъалаи муҳим- истифодаи оқилонаи сарватҳои табиат гузошта шудааст.
Дар ин самт фанни табиатшиносӣ аҳамияти муҳим дорад. Аксар одамон ба як қатор фанҳо чун табиатшиносӣ, санъати тасвирӣ, суруд, таълими меҳнат ва ғайра чун фанни дувумдараҷа менигаранд. Барои омӯзиши ин фан омӯзгоронеро ҷалб мекунанд, ки ихтисосашон дигар аст. Фаромӯш мекунанд, ки фанни табиатшиносӣ бобати тарбияи насли наврасе, ки ба қадри сарватҳои табиӣ мерасад ва дар ҳифзи онҳо саҳм мегузорад, аҳамияти муҳим дорад. Ҳаёти инсон бо табиат муштарак аст.
Дар дарсҳои табиташиносӣ ба хонандагон дар бораи муаммҳои экологӣ дар асоси факту рақамҳо маълумот диҳем, натиҷа самарабахштар мешавад.
Масалан, ба талабаҳо бояд фаҳмонд, ки як дарахти ба воя расида дар як шабонарӯз 180 л оксиген хориҷ мекунад. Як одам бошад, дар як шабонарўз аз 500 то 700 литри ин газро нафас мегирад. Яъне, барои нафаскашии ҳар як шахс на кам аз панҷ дарахт лозим аст. Ҳол он ки як мошини сабукрав ҳангоми 100 км роҳро тай намудан миқдори солонаи оксигенро, ки як одам нафас мегирад, нобуд месозад.
Аз ин рў, барои ба бемориҳои гуногун гирифтор нашудани организм мо бояд олами набототро эҳтиёт кунем, ба нобудшавӣ ва бераҳмона нест кардани дарахту буттаҳо роҳ надиҳем.
Бинобар ин, дар оғози фасли баҳор бо хонандагон ба табиат саёҳат ташкил кардан, гузаронидани ҳашар ва тоза намудани муҳити атроф муфидовар аст. Инчунин, дар боғи мактаб ё боғҳои шахсии худ шинонидани ниҳолро тасвия додан низ аҳамият дорад. Ин гуфтаҳо ба хонандагон таъсири калони тарбиявӣ мебахшанд, то ки онҳо дар оянда бо табиат муносибати дуруст кунанд.
Имрӯз ҳар як омӯзгор, бахусуси муаллимони фанни табиатшиносӣ вазифадорнд, ки насли наврасро дар рӯҳияи муносибати некӯ ба табиат, покиза нигоҳ доштани обу ҳавои кишвар, муҳити атроф тарбия намоянд.
Мардонҷон БОТИРОВ, омӯзгори фанни биологияи мактаби таълими умумии рақами 7-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ